Хадамоти алоқа қатъи интернет дар ВМКБ-ро шарҳ дод

© SputnikИльхом Атоев, заместитель руководителя службы связи
Ильхом Атоев, заместитель руководителя службы связи - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 31.01.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Хадамоти алоқаи Тоҷикистон қатъи интернет дар пайи ҳаводиси Хоруғро шарҳ дод
ДУШАНБЕ, 31 янв - Sputnik. Илҳомҷон Атоев, муовини роҳбари Хадамоти алоқаи Тоҷикистон дар посух ба суоли журналистон маҳдудияти дастрасӣ ба интернет дар ВМКБ-ро "таъмини амният" хонд.
Ӯ гуфт, ҳоло дар тамоми минтақаи Бадахшон интернет дар низоми 3G кор мекунад.
Ин дар ҳолест, сокинони ин минтақа аз он шикоят доранд, ки бо аҳли оилаашон тавассути интернет дар тамос шуда наметавонанд.
Номбурда афзуд, барои пешгирӣ, таъмини амнияти шаҳрвандон, ҷамъият, давлат ва амнияти иттилоотӣ баъзе чорабиниҳои техникӣ гузаронида мешавад.

"Он техникаи иттилоотӣ ва коммуникатсионие, ки барои зарари аҳолии Тоҷикистон ва минтақа равона шудааст, барои мо лозим нест", - афзуд Илҳомҷон Атоев.

Номбурда таъкид кард, ки вазъияти сиёсӣ ва иқтисодии минтақа ба ҳама маълум аст ва барои таъмини амнияти шаҳрвандон ва давлат тамоми имконотро ба кор хоҳанд бурд.
Открытие культурно-просветительского центра в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.01.2022
Созмонҳои ҳуқуқи башар ба мақомоти Тоҷикистон: Интернетро дар Бадахшон барқарор кунед
Ёдовар мешавем, алоқаи интерентӣ дар ин минтақа пас аз таҷаммуи эътирозии рӯзҳои 25-28 ноябри соли 2021 дар шаҳри Хоруғ, маркази вилояти Бадахшон, ки дар пай куштаву захмӣ ҳам дошт, қатъ шуд.
Дар пайи ин теъдоде аз намояндагони ҷомеаи мадании Тоҷикистон ва созмонҳои ҳуқуқи башарии байналмилалӣ аз Ҳукумати Тоҷикистон хоҳиш карда буданд, ки интернетро дар Бадахшон барқарор намоянд
Лентаи хабарҳо
0