Комроншоҳ дар Гран-Прии Португалия соҳиби медали биринҷӣ шуд

© Таджикская федерация дзюдоКомроншох Устопириён
Комроншох Устопириён - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 31.01.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Ягона намояндаи Тоҷикистон дар “Grand Prix Portugal 2022” медал гирифт
ДУШАНБЕ, 31 янв — Sputnik. Паҳлавони шинохтаи кишвар Комроншоҳ Устопириён дар аввалин мусобиқаи ҷудои соли 2022 - “Grand Prix Portugal 2022” сазовори медали биринҷӣ шуд, хабар медиҳад Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон.

Ин мусобиқаи байналмилалӣ 28-30 январ дар шаҳри Алмадаи Португалия доир гашт.

Комроншоҳ (-90кг) дар даври аввал озод буд. Ӯ сипас бар намояндаи Ӯзбекистон Достон Мейлиев ва дар чорякфинал бар варзишгари Украина Артём Бубир пирӯз, вале дар нимфинал аз тарафи варзишгари Италия Кристиан Парлатӣ мағлуб карда шуд.
Сомон Махмадбеков - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.01.2022
Сомон дар Португалия гирифтори коронавирус шуд
Паҳлавони тоҷик сипас дар муҳориба барои ҷои сеюм намояндаи Гурҷистон Имеда Гоголадзеро шикаст дод.

Ба иттилои сомонаи расмии Федератсияи байналмилалии ҷудо (IJF), дар аввалин мусобиқаи сол 301 варзишгар (179 мард, 122 зан) аз 41 давлат ширкат карданд.

Ғолибону ҷоизадорони мусобиқа дар баробари медал бо ҷоизаи пулӣ қадрдонӣ шуданд – ҷои аввал – 3000 евро, ҷои дуюм – 2000 евро, ду ҷои сеюм – 1000-евроӣ.
Ёдовар мешавем, паҳлавони дигари кишвар Сомон Маҳмадбеков низ мебоист дар ин мусобиқа ширкат кунад, аммо ба далели гирифторӣ ба коронавирус натавонист вориди зӯрозмоӣ шавад.
Лентаи хабарҳо
0