Врачи - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.07.2021
Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
Созмони ҷаҳонии беҳдошт моҳи марти соли 2020 пандемияи коронавирус эълон кард

Олимонро пайомади омикрон нигарон кардааст

© Pexels/CDCКоронавирус
Коронавирус - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 31.01.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Пизишкон мегӯянд, ин нишона дар ҳамаи онҳое, ки гирифтори омикрон мешаванд, мушоҳида намешавад
ДУШАНБЕ, 31 янв — Sputnik. Шахсе, ки бо штамми омикрони COVID-19 гирифтор мешаванд, метавонанд аксуламали ба истилоҳ гиперкоагулятсионии аберрантӣ пайдо кунанд, ки дар натиҷа хун ғафс мешавад.
Дар ин бора Сергей Токарев, директори илмии Ҷамъияти мутахассисони тибби пешгирикунанда ба "Ura.ru" хабар додааст.
"Новобаста аз вазнинии беморӣ, эндотелиуми рагҳо осеб дида, хун ғафс шудан мегирад. Яъне шиддат дар сатҳи системавӣ метавонад илтиҳоби умумии рагҳоро ба вуҷуд орад", - гуфт табиб.
Бо вуҷуди ин табибон шитоб намекунанд, ки гӯянд, ба чунин шакли беморӣ ҳамаи маризон гирифтор мешаванд.
Маълум нест, ки хатари лахташавии хун бо омикрон то чӣ андоза аз ҷинс, синну сол ва бемориҳои мармуз вобаста аст. Чунин таъсир дар одамони гирифтори штамми делта низ мушоҳида шуданд.
Лечение детей с COVID-19, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.01.2022
Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
Нишонаҳои хатарноки штамми омикрон дар кӯдакон номбар шуданд
Штамми омикрон ва ё B.1.1.529 моҳи ноябри соли гузашта дар Ботсвана ва Африқои Ҷанубӣ кашф шудааст.
Ба гуфтаи коршиносон, он бо даҳҳо таҳаввул дар сафедаи S аз дигар намудҳои вирус фарқ мекунад, ки ба он имкон медиҳанд, аз иммунитет гурезад, аммо нисбат ба навъи қаблии коронавирус - делта зудтар паҳн шавад.
Ба гуфтаи роҳбари "Роспотребнадзор", Анна Попова, сироятёбии омикрон нисбат ба дигар штаммҳо аз се то ҳафт баробар зиёдтар аст.
Лентаи хабарҳо
0