Графическое изображение коронавируса - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Мавҷи сеюми коронавирус дар Тоҷикистон: охирин хабару гузоришҳо
Мақомоти Тоҷикистон 21 январи соли 2022 аз бозгашти сеюмбораи коронавирус ба кишвар хабар доданд

Вуруди беш аз 152 ҳазор воя ваксинаи “Pfizer” ба Тоҷикистон

© REUTERS / Dado RuvicВакцина Pfizer и Moderna
Вакцина Pfizer и Moderna - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 31.01.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Вазорати тандурустии Тоҷикистон аз воридшавии боз 152 ҳазору 100 воя ваксинаи “Pfizer-BioNTech” ба кишвар хабар дод
ДУШАНБЕ, 31 янв — Sputnik. Бино ба иттилои дафтари матбуотии Вазорати тандурустии кишвар, дар чорчӯби фаъолияти механизми КОВАКС ва барномаи тақсимоти одилонаи вояҳои ваксинаҳои зидди COVID-19 ба Тоҷикистон 152 ҳазору 100 воя ваксинаи “Pfizer-BioNTech” ворид гардид.
Тавре манбаъ иттилоъ додааст, дар ҳоли ҳозир дар кишвар ваксинатсия бар зидди бемории COVID-19 миёни шаҳрвандони мамлакат идома дорад.
Дар кишвар бар зидди коронавирус ваксинаҳои “Sputnik V”, “AstraZeneca”, “CoronaVac”, “Moderna2 ва “Pfizer” истифода мешавад.
Выездная вакцинация сотрудников отеля River Park в Новосибирске - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.01.2022
Мавҷи сеюми коронавирус дар Тоҷикистон: охирин хабару гузоришҳо
Дар Тоҷикистон табибон вояи сеюми ваксина алайҳи COVID мегиранд - видео
Ҳамзамон манбаъ иттилоъ додааст, ки то 20 январи соли равон беш аз 4 миллиону 355 ҳазору 582 нафар, яъне 75,6 фоизи шаҳрвандони мамлакат бар зидди бемории коронавируси нави COVID-19 моякӯбӣ шудаанд. Инчунин вояи дуюми ваксинаро то санаи зикргардида дар ҳудуди ҷумҳурӣ 3 миллиону 636 ҳазору 802 нафар шаҳрвандон, ки 63,1 фоизро дар бар мегиранд, гирифтаанд.
Вазорати тандурустӣ илова кардааст, ки сокинони кишвар бо масъулияти баланд барои ҳифзи саломатии худ ва наздиконашон ба муассисаҳои тандурустии маҳалли зист омада, ваксина мегиранд.
Лентаи хабарҳо
0