Қариб чаппа мешуд: навори даҳшатовари ба замин нишастани ҳавопаймо - видео

Обуна шудан
Танҳо ба далели маҳорати хуби халабон зимни ба замин нишастани ҳавопаймо аз ин фоҷеа ҷилавгирӣ шуд
Нишастани ҳавопаймо дар фурудгоҳи Хитроуи Лондон қариб ба фоҷеа меанҷомид. Ҳавопаймои ширкати "British Airways" қариб буд, чаппа шавад, навиштааст "Daily Mail".
Ба иттилои манбаъ, танҳо маҳорати баланди халабон боис шуд, ки ҳавопаймо барои талоши дигари фуруд ба ҳаво баланд шуд.
Дар наворе, ки шоҳиди ҳодиса сабт кардааст, дида мешавад, ки чӣ гуна ҳавопаймо дар ҳолати шамоли сахти суръаташ то 144 км/соат поин мешавад. Зимни расидани ду чарх ба замин ҳавопаймо яктарафа шуд ва қариб чаппа гардад.
Дар ин ҳол халабон фавран боз ҳавопайморо ба фазо хезонду аз нохушӣ пешгирӣ намуд.
Маврид ба зикр аст, ки тайи рӯзҳои ахир дар Бритониёи Кабир тӯфонҳои шадиде рух доданд, ки яке "Малик" ва дигаре "Корри" ном гирифтааст.
Дар пайи ин офати табиӣ ҳудуди 30 ҳазор шаҳрванд бебарқ монда, таҳсил дар макотиб мутаваққиф шудааст.
Лентаи хабарҳо
0