Ҳолатҳои марги коргарон дар конҳои Тоҷикистон зиёд шудааст: Хадамот гуфт, кӣ сабабгор

Шахты Донбасса - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.02.2022
Обуна шудан
НовостиTelegram
Сабаби асосии ҳодисаҳои нохуш бемасъулиятии муҳандисони техникии корхонаҳо ва беаҳамиятии коргарон ҳангоми кор дар иншооти хатарнок гуфта мешавад
ДУШАНБЕ, 1 фев — Sputnik. Раҳим Санъат Асо, сардори Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории Тоҷикистон мегӯяд, дар соли 2021 дар иншоотҳои зериназоратии ин ниҳод 39 ҳодисаи нохуш ба қайд гирифта шуд.
Ӯ якуми феврал дар нишасти хабарияш гуфт, дар пайи ин ҳаводис 24 нафар ҳалок ва 45 тани дигар ҷароҳати ҷисмонӣ бардоштаанд.
Ба гуфтаи номбурда, таҳлилҳо нишон медиҳад, ки дар корхонаҳои зерсохтори хадамот дар соли 2021 шумораи ҳодисаҳои нохуш нисбат ба соли 2020 ҳашт адад зиёд шуда, шумораи ашхоси фавтида 16 нафар ва теъдоди ҷароҳатбардоштагон 16 тан зиёд шудааст
Соли 2020 теъдоди ҳодисаҳои нохуш дар ин бахш 31 ҳолатро ташкил медод, ки дар пайи он 8 тан ҳалок ва 33 тани дигар захмӣ шуда буданд.
Гуфта мешавад, дар пайи ин ҳаводис хадамот корхонаву идораҳоро ба маблағи беш аз 264 ҳазор сомонӣ ҷарима бастааст.
Ин ниҳод мегӯяд, сабаби асосии ин ҳодисаҳои нохуш бемасъулиятии муҳандисони техникии корхонаҳо, беаҳамиятии коргарон ҳангоми кор дар иншооти хатарнок, риоя накардани қоидаҳои бехатарӣ, риоя накардани технологияи коркарди кон ва ҳамчунин набуди мутахассисони соҳавӣ мебошад.
Ҳамзамон ба 69 нафар (аз ҷумла 24 фавтида) аз тарафи корхонаҳо ҷуброни зарар ва кумакпулии яквақтаина дар ҳаҷми 3 миллиону 300 ҳазор сомонӣ барои дафн ва муолиыаи зарардидагон пардохт шудааст, гуфт сардори Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ.
Ба иттилои рахбарияти ин ниҳод, соли 2021 дар иншооти кишвар 220 назорати техникӣ , аз ҷумла 241 назорати нақшавӣ ва 26 ғайринақшавӣ гузаронда шуд, ки дар пайи он 1432 ҳолати нақзи санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ сабт шуда, 21 нишондод барои боздошти кор пешниҳод шудааст.
Лентаи хабарҳо
0