Достони марги ронандаи Ёрии таъҷилӣ дар марз, ки зери гулӯлаҳои низомиёни қирғиз ҷон дод

© Sputnik Семья Абдулатифа Шарипова оплакивает его смерть
Семья Абдулатифа Шарипова оплакивает его смерть - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.02.2022
Обуна шудан
Эксклюзив
Муноқишаи ахири марзӣ ду кушта барҷой гузошт, ки мавриди вокуниши тунди корбарон ва аҳолии Тоҷикистон шуд. Зеро яке сокини осоиштаву дигаре ронандаи мошини Ёрии таъҷилӣ буд, ки ба гуфти сокинон дар мудҳиштарин ҷангҳо чунин ваҳшоният сурат намегирад
ДУШАНБЕ, 1 фев – Sputnik. Абдулатиф Шарифов, ронандаи мошини Ёрии таъҷилии шаҳри Исфара, шоми 27 январ дар пайи муноқишаи мусаллаҳони марзӣ бо қирғизҳо ба шаҳодат расид.
Худрави ӯ, ки захмиёнро аз маҳалли муноқиша берун мекашид мавриди ҳамлаи низомиёни қирғиз қарор гирифту гулӯлаборон шуд.
Пайвандон ва ҳамкоронаш мегуянд, ӯ ба мисли дафъаҳои қаблӣ, барои расонидани кӯмаки тиббӣ барои захмиён ба маҳалли даргирӣ ба деҳаи Сомониёни Исфара рафт, вале ҳадафи мушакборони низомиёни қирғизҳо қарор гирифту қурбон шуд.
Абдусаттор Шарифов, дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон ҷузъиёти марги бародараш Абдулатифро нақл намуд.
© Sputnik Абдулатифа Шарипова сопровождают жена и внучка
Абдулатифа Шарипова сопровождают жена и внучка - Sputnik Тоҷикистон
1/7
Абдулатифа Шарипова сопровождают жена и внучка
© Sputnik Абдуманнон и его брат приехали из России оплакивать отца
Абдуманнон и его брат приехали из России оплакивать отца - Sputnik Тоҷикистон
2/7
Абдуманнон и его брат приехали из России оплакивать отца
© Sputnik Абдулатиф Шарипов с внучкой
Абдулатиф Шарипов  - Sputnik Тоҷикистон
3/7
Абдулатиф Шарипов с внучкой
© Sputnik Рахимжон Саидов, фельдшер
Рахимжон Саидов, фельдшер - Sputnik Тоҷикистон
4/7
Рахимжон Саидов, фельдшер
© Sputnik Скорая помощь Исфары
Скорая помощь Исфары - Sputnik Тоҷикистон
5/7
Скорая помощь Исфары
© Sputnik Абдусаттар, брат Абдулатифа
Абдусаттар, брат Абдулатифа - Sputnik Тоҷикистон
6/7
Абдусаттар, брат Абдулатифа
© Sputnik Абдулатиф Шарипов и его семья
Абдулатиф Шарипов и его семья - Sputnik Тоҷикистон
7/7
Абдулатиф Шарипов и его семья
1/7
Абдулатифа Шарипова сопровождают жена и внучка
2/7
Абдуманнон и его брат приехали из России оплакивать отца
3/7
Абдулатиф Шарипов с внучкой
4/7
Рахимжон Саидов, фельдшер
5/7
Скорая помощь Исфары
6/7
Абдусаттар, брат Абдулатифа
7/7
Абдулатиф Шарипов и его семья
Ӯ, гуфт субҳи 27 январ ҳамроҳ бо бародараш дар маъракаи “оши наҳор”-и яке аз наздиконашон иштирок карданд, вале Абдулатиф зуд аз он маърака ба кор рафт ва бо ҳамин дигар барнагашт.

“Ӯ, як шахси меҳнакаш ва фидоии кораш буд. Он рӯз дар маърака ҳамроҳи мо рафт, як ду бор ош гирифту ба кор дер нашавад гуён хесту рафт”, - нақл намуд, Абдусаттор.

Ин ҳамсуҳбати мо зикр кард, ки бародараш он рӯз дар Маркази ёрии таъҷилӣ навбатдор буд. Баъд аз зуҳр дар деҳаи наздимарзии Сомониён бо қирғизҳо муноқиша рух дод. Бо супориши масъулони идораи тандурустӣ ӯ, барои расонидани кӯмаки тиббӣ ба маҳҳали ҳодиса сафарбар шуда ва дар ҳамонҷо шаҳид гашт.
“Бегоҳ ба ман занг зада дар бораи даргузашти бародарам хабар доданд. Шунидани ин хабари шум маро ҳайратзада кард.Ҳамроҳи кормандони мақомот ҷасадро гирифта ба сардхона (морг) омадем. Субҳ онро гирифта пок номудем ва баъд аз намози ҷумъа ҷаноза намуда дар қабристони “Муридон”-и Исфара бо хок супурдем”, - зикр кард бародари марҳум.

Аз ронандаи ҷасур то ошпази моҳир: Абдулатиф Шарифов кӣ буд?

Бино ба гуфти табибон ӯ, ҳамагӣ 62 сол дошт ва 11 сол ба ин тараф минҳайси ронанда дар Маркази ёрии таъҷилии шаҳри Исфара кор мекард.
Абдулатиф Шарифов 19 августи соли 1960 дар шаҳри Исфара таваллуд шуда, ҳудуди бист сол дар коргоҳи истеҳсоли бетонҳои оҳанин (ЖБК) кор кардааст. Баъди аз фаъолият боз мондани ин коргоҳ дар Исфара, барои кор ба Ёрии таъҷилӣ гузашта ва то дами маргаш дар ин ҷо ронандагӣ мекард.
Палата, больница - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.01.2022
Тоҷикистон расман теъдоди фавтидагону захмиёни муноқишаи марзиро эълон кард
Раҳимҷон Саидов, фелдшери Маркази ёрии таъҷилии Исфара дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, Шарифов аз ронандаҳои боҷуръат буд ва дар ҳолатҳои ногувор чи гуна ба иҷро расонидани корро ба ҳамкорон меомӯзонид.
Ӯ афзуд, марҳум бо ин ҷасуриаш дар миёни халқ машҳур буд ва дар ҳангоми рухдоди ҳолатҳои вазнини корӣ, барои мисол дар овардани тобути (груз 200) муҳоҷирон аз Фурудгоҳи Хуҷанд ба Исфара худро канор намегирифт, ҳарчанд, агар он вақт барояш рӯзи корӣ ҳам набошад.
“Дар вақти муоинаи беморони вазнин дар миёни издиҳоми бузурги одамон ва ё интиқоли мурдаҳо ба сардхона (морг) он кас ҳеҷ вақт худашонро гум намекарданд. Ба мо дар бораи ба хубӣ баромадан аз чунин ҳолатҳои ғайриоддиро ҳамеша маслиҳат медоданд. Аз ин лиҳоз он касро ҳама дӯст медошту эҳтиром мекард. Марги он кас талафоти бузург барои мо корманди тиб аст”, – изҳор дошт, Саидов.
Ситуация на границе Таджикистан-Кыргызстан - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.01.2022
Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон
Диданаш даҳшатбор аст: аксҳои мудҳиш аз маҳалли даргирӣ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон
Бино ба гуфти кормандони Ёри таъҷилӣ, Шарифов бо он, ки як ронандаи ҷасур буд, як ошпази моҳир ҳам буд. Ба ҳисоби кори ронандагӣ, ҳар рӯзи корӣ вай ба ҳамкорон ош мепухт ва ба ин васила ҳамаро сари як дастурхон ҷамъ мекард. Ӯ, як инсони хоксор буд ва пайваста кӯшиш мекард, ки бо иҷрои амале барои ҳама нафъе бирасонад.

Зангҳои бепосух ва шаҳид шудани падар

Абдулатиф дар як оилаи одӣ дар Исфара ҳамроҳи ҳамсараш зиндагӣ мекард. Ду писараш аз ҳисоби муҳоҷират дар Русия рӯзӣ дарёфт мекунанд.
Абдуманнон писари калонии Абдулатиф дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, ҳар гоҳ хабари ноором шудани вазъ дар сарҳади Исфараро мешунид нахуст ба падар ва модараш занг зада аз ҳолашон хабар мегирифт. Аммо бегоҳии рӯзи 27 январ вақте ба телефони падараш занг зад, дигар аз ин тараф садо набаромадааст.
Джамоат Сурх, город Исфара  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.01.2022
Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон
Дар як кӯча 11 хонаи хароб: мақомоти тоҷик хисороти даргирии марзиро ҳисоб доранд - акс
“Аз соати 22 пайваста ба телефони падарам занг мезадам, ки ҷавоб намедод. Дертар фаҳмидам, ки алакай дар суҳбат бо падарам дер кардаам. Соати 03:00-и саҳари 28 январ ба ман занг зада фаҳмониданд, ки дар пайи муноқишаи марзӣ падарам шаҳид шудаанд. Дувуним сол рӯ ба рӯ надида будем, дидор дар қиёмат монд”, - изҳор намуд Абдуманнон.
Абдуманнон ҳамроҳи бародараш аз шаҳри Сургути Русия ба Исфара омада ҳоло ҳамроҳи амакҳо ва дигар пайвандонаш пояи мотами падараш нишастаанд.
Ба ҳисоби падари ин хонавода, Обидҷон Туйчиев, як сокини деҳаи Хоҷаи Аълои Исфара низ дар натиҷаи муноқишаи мусаллаҳона бо низомиёни қирғиз дар манзили зисташ ба ҳалокат расидааст.

Таниш дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон

Муноқишаи марзӣ бегоҳии рӯзи 27 январ аз сангзании қирғизҳо шурӯъ шуда, ба тирпарронии сарҳадбонони ду ҷониб боис гардид.
Хадамоти марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон расман теъдоди захмиёну фавтидагон дар пайи муноқишаи марзиро нашр кард.
Ба иттилои дафтари матбуотии ин ниҳод, дар натиҷаи низои сарҳадӣ аз ҷониби Тоҷикистон 10 нафар захмӣ гардиданд, ки аз онҳо 6 низомӣ ва 4 сокинони мулкӣ гуфта мешавад.
Мендкович: что стало причиной нового обострения на границе Кыргызстана и Таджикистана? - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.01.2022
Мендкович: Ҳалли мухолифати марзии Тоҷикистону Қирғизистон бидуни довар ғайриимкон аст
Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон Қамчибек Тошиев ҳам гуфт, дар даргирӣ дар марзи миёни Тоҷикистону Қирғизистон 11 низомии қирғиз захмӣ шудааст.
Тоҷикистону Қирғизистон беш аз 980 километр марзи муштарак доранд, ки танҳо 520 километри он аломатгузорӣ шудааст.
Номуайянӣ дар марз то ин вақт борҳо сабаби рух додаи муноқишаҳои марзӣ миёни шаҳрвандони ду кишвар шудааст.
Рӯзи 29 январ раисони кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон ва Қирғизистон сари як мизи музоқирот нишаста дар бораи бо роҳи ҳуқуқӣ ва дар доираи манофеъи ду кишвар ҳал гардидани баҳсҳои марзӣ изҳори назар намуданд.
Лентаи хабарҳо
0