Пограничник на смотровой вышке на границе Кыргызстана. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон
Хабарҳои бештар аз танишу созишҳои марзӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон

Раиси собиқи Исфара собит кард, ки роҳи Ӯш - Исфана ба Тоҷикистон тааллуқ дорад

© Sputnik / Амир ИсаевМальчик на осле в горах Таджикистана
Мальчик на осле в горах Таджикистана  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.02.2022
Обуна шудан
НовостиTelegram
Сиёсатмадори тоҷик, раиси собиқи Исфара аснодеро номбар карда, ки тибқи онҳо, роҳи Ӯш - Исфана наметавонад объекти баҳс бо Қирғизистон бошад
ДУШАНБЕ, 1 фев — Sputnik. Роҳи Ӯш - Исфана, ки мояи баҳси миёни Бишкек ва Душанбе хонда мешавад, тибқи санадҳои ҳуқуқӣ ва қарордодҳои мавҷуд, комилан ба Тоҷикистон тааллуқ дорад.
Дар ин бора раиси собиқи Исфара, сиёсатмадор ва арбоби ҷамъиятии тоҷик Гулафзо Савриддинова далоилеро изҳор кардааст.
Ба гуфтаи вай, ин қитъаи роҳ бо чанд созишнома ба таври қатъӣ ҳуҷҷатгузорӣ шудааст.
Ин дар моддаи 5-уми Созишномаи байни ҳукуматҳои Тоҷикистону Қирғизистон дар бораи ба таври мутақобила ба даст овардани қитъаҳои замин аз 18 майи соли 2005 сабт шудааст.
Раджаббой Ахмадзода, глава Согдийской области - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.02.2022
Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон
Нуқта гузошт: Аҳмадзода гуфт, ки роҳи Ӯш - Исфана ба кӣ тааллуқ дорад
Ба гуфтаи Савриддинова, ягон раисҷумҳури пешини Қирғизистон ва ҳукумати қаблии кишвари ҳамсоя дар музокироти марзӣ даъво надоштанд ва салоҳияти Тоҷикистонро бар ин қаламрав эътироф мекарданд.
Қитъаи роҳи Ӯш - Исфана дар қаламрави Тоҷикистон, дар байни деҳаҳои Хоҷаи Аъло ва Сомониён ва маҳаллаи Кӯк-Тоши Қирғизистон ҷойгир аст.
Илова бар ин, бар асоси тамоми харитаҳои замони ИҶШС, қитъаи 275 метр ва тамоми ҳавзаи рӯдхонаи Исфара, ду соҳили он аз тарафи деҳаи Сомониён ва деҳаи Хоҷаи Аъло ҳамеша ба Тоҷикистон тааллуқ дошта, ки пеш аз ин аз тарафи Бишкек ба баҳс кашида намешуд.
Вай гуфт, ин қитъа ба Қирғизистон барои 49 сол бо нархи рамзӣ - як доллар дар як сол ба иҷора дода шудааст.
Ба гуфтаи раиси собиқ, далелҳои таҳрифшуда, ки аз забони мақомоти қирғиз мебароянд ва аз ҷониби Қирғизистон ба расмият надаровардани санадҳои байниҳукуматӣ ҳам сокинони маҳаллаҳои наздимарзӣ ва ҳам аҳли ҷомеаро ба иштибоҳ меандозанд.
"Ин раванди музокирот оид ба делимитатсия ва демаркатсияи марзи Тоҷикистону Қирғизистонро хеле мушкил карда, вазъро дар минтақа ташдид мекунад", - хулоса кард Гулафзо Савриддинова.
Сиёсатмадори тоҷик аз ҷониби Қирғизистонро даъват кард, дар ҳалли масоили марзии дуҷониба бархӯрди мутавозин, мувофиқ ва бар асоси асноди ҳуқуқӣ дошта бошад.
Ёдовар мешавем, қаблан Абдикарим Алимбоев раиси вилояти Бодканд гуфта буд, ки қитъаи 275-метрии роҳи Ӯш - Исфана, ки дар он ҷо охирин низоъ миёни кишварҳо рух додааст, аз лиҳози ҳуқуқӣ расман ба расмият надаромадааст.
Баъд аз ин Раҷаббой Аҳмадзод, раиси вилояти Суғд гуфт, вазъи ҷода наметавонад дар чаҳорчӯби Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба аломатгузории марзи давлатӣ мавзуи музокирот бошад.
Лентаи хабарҳо
0