Шаҳрдор ва раиси собиқи Маҷлиси миллӣ Маҳмадсаид Убайдуллоев 70-сола шуд

© Государственная Дума Федерального Собрания РФПредседатель Маджлиси милли Маджлиси Оли Республики Таджикистан Махмадсаид Убайдуллоев
Председатель Маджлиси милли Маджлиси Оли Республики Таджикистан Махмадсаид Убайдуллоев - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.02.2022
Обуна шудан
Ӯ дар гузашта аз афроди саршинос ва калидӣ дар сиёсати Тоҷикистон буд
ДУШАНБЕ, 1 фев — Sputnik. Маҳмадсаид Убайдуллоев, сиёсатмадори шинохта, раиси собиқи шаҳри Душанбе ва раиси пешини Маҷлиси миллии Тоҷикистон 70-сола шуд.
Ӯ яке аз чеҳраҳои шинохта дар саҳнаи сиёсии даврони истиқлоли Тоҷикистон мебошад ва наздики 20 сол дар мақоми раиси шаҳри Душанбе кор карда, дар моҳи январи соли 2017 аз ин симат барканор шуд.

Зиндагиномаи Маҳмадсаид Убайдуллоев

Шаҳрдори пешини пойтахти Тоҷикистон ва раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Убайдуллоев Маҳмадсаид Убайдуллоевич 1 феврали соли 1952 дар ноҳияи Фархор таваллуд шудааст.
Ӯ соли 1968 ба Донишкадаи политехникии Тоҷикистон дохил шуда, сипас таҳсилро дар Донишкадаи политехникии ба номи Ленини Харков идома додааст.
Убайдуллоев фаъолияти меҳнатиашро аз соли 1974 ҳамчун сармуҳандис сар карда, дар соли 1986 аллакай мудири шуъбаи саноат, нақлиёт ва маҳсулоти ниёзи раиси Кумитаи Ҳизби коммунистии Тоҷикистон дар вилояти Кӯлоб шуд.
Убайдуллоев дар соли 1992 муовини раиси Шурои вазирони ҶТ таъйин шуд ва дар солҳои мушкили ҷанги шаҳрвандӣ то соли 1994 ин вазифаро иҷро кард.
Ӯ аз соли 1996 то 2017 вазифаи шаҳрдории пойтахтро бар уҳда дошт.
Мавсуф дар 12 январи соли 2017 бо як фармони раисҷумҳури Тоҷикистон аз симмати шаҳрдории пойтахт барканор шуд.
Ҳамчунин дар соли 1996 Маҳмасаид Убайдуллоев раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардида буд, ки тайи чанд сол раисии ин маҷлисро ба уҳда дошт.
Раиси пешини Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оиладор соҳиби се фарзанд - ду писар ва як духтар мебошад.
Ёдрас менамоем, 13 январи соли 2018 бо фармони раисҷумҳури Тоҷикистон писари вай-Убайдулло Ҷамолиддин Маҳмадсаид сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Фаронса таъйин шуд.
Дар соли 2017, пас аз барканорӣ ӯ аз мақоми шаҳрдорӣ бо қарори Эмомалӣ Раҳмон сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар ҳузури роҳбарону фаъолони пойтахт Маҳмадсаид Убайдуллоевро ба ордени "Зарринтоҷ" дараҷаи 1 қадрдонӣ кард.
Убайдуллоев яке аз камшумортарин сиёсатмадорони тоҷик аст, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ бо номи худ саҳифа дорад.

"Шпаргалка" барои шинохти Убайдуллоев

Қаблан рӯзноманигор Раҷаби Мирзо зери унвони "Шпаргалка" барои шинохти Убайдуллоев гуфтаҳои мондагори сиёсатмадорро нашр карда буд, ки чанде аз онро меорем:
Даркор шавад, аз мансаб меравам, аммо имону виҷдони худро намефурӯшам.
Бовар дорам, маро онҳое ҷонибдорӣ мекунанд, ки фаросату савод доранд, ҳақиқат мехоҳанд.
Шиори асосии ман: Аввал Худо, баъд қонун!
Ташаккул додани афкори ҷамъиятӣ имрӯз осон нест. Барои ин ақлҳои бузург лозим, то одамонро мутмаин сохта тавонанд.
Биёед, ошкор гӯем, рақамҳое, ки дар ҳисоботатон медиҳед, воқеӣ нестанд. Бадбахтии мо дар дуруғгӯист.
Виҷдонам азоб медиҳад, ки нисбати бархе лафзи қабеҳро истифода мекунам. Чӣ, магар мо бе сухани қабеҳ имкони шаҳрдорӣ надорем?
Ҳангоми сафари хидматиам ба Аврупо тайи 12-15 соат Қуръон хондам. Ана роҳат!
Дар Фаронса бо сенат дар бораи пайдоиши инсон баҳс кардем. Ӯ фаҳмиши худро мегуфт, ман аз нигоҳи ислом. Ба бисёре андешаҳоям розӣ шуд.
Президентро на ман президент кардам, на шумо. Ӯро Худованд президент кардааст.
Фаъолшавии нерӯҳои сиёсии расмии мухолиф ба манфиати мост. Онҳо моро барои беҳтар кор кардан бояд таҳрик диҳанд.
Ба Худо қасам, ба писари амакам аз ҳисоби шаҳр хона надодам. Худораҳматӣ дар хонаи иҷора сафари охират кард.
Биёед, имсолро соли мубориза бо дуруғгӯӣ эълон кунем.
Имонро аз рӯи либос муайян намекунанд.
Ҳаромхӯриро бас кунед! Ман бо чашмони худ дидам, ки одамон бо чӣ азобҳо ҷон медоданд. Оқибати коратонро фикр кунед...
Ман аз ҳисоби маоши худам маблағ ҷамъ меоварам, то ба Ҳаҷ равам ё Худованд рӯзе амонаташро гирифт, аз пули ҳалоли меҳнатиам масраф кунанд.
Лентаи хабарҳо
0