Тороҷи Аврупо. Амрикоиҳо ҳампаймонони худро ғорат мекунанд

© Sputnik / Алексей Витвицкий / Гузариш ба медиабонкФлаги с символикой Евросоюза у здания Еврокомиссии в Брюсселе.
Флаги с символикой Евросоюза у здания Еврокомиссии в Брюсселе. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.02.2022
Обуна шудан
Ҷо Байден метавонист дар робита ба харитаи Аврупои Шарқӣ ғамгин шуда суруд хонад: "Ту маро фиреб додию ноумедам кардӣ”
ДУШАНБЕ, 1 фев — Sputnik, Виктория Никифорова. Не, Русия боз ба ҷанг наомадааст. На танҳо, ки Украина низ ноумедаш кард, балки Владимир Зеленский дудилаву хавотир шуд, бо Байден телефонӣ суҳбат ва гуфт, ки ҳеҷ кас воқеан ба Украина ҳамла намекунад. Умуман, вай дар очерки куҳнаи мазҳакавии "Леня ба ҷанг меравад", ки дар он подшоҳ Леонид, албатта, ба ягон чанг намеравад, дар хона бо модараш меистад, нақши дараҷаи олӣ бозидааст.
Зампред Совбеза РФ Д. Медведев принял участие в заседании попечительского совета СПбГУ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.01.2022
Аз ҳамкорӣ бо Чин то бархурд бо НАТО ва Аврупо: мавзӯъҳои матраҳ дар суҳбати Медведев
Аммо аҷиб он аст, ки пропаганда дар ИМА ҳамаи инро ҳатто пай набурд. Дар майдони иттилоотии пурасрорашон, ки кайҳо боз бо воқеият намепайвандад, Русия аз моҳи сентябри соли гузашта дар ҷое бо Украина дар ҷанг аст. Қариб ним сол аст, ки Русия ба истило ва истилогарони Украина муқовимат мекунад. Дар ҳамин ҳол Амрико пеши роҳи аввалиро мегирад ва дувумиро кумак мекунад. Ва ҳамин тавр беохир.
Ҳатто амрикогароёни шӯравӣ аз "мастии пропагандаи низомигарӣ"-и ИМА дар ҳайрат монданд. Ва он гоҳ шарикон ба таври комил медонистанд, ки чӣ гуна хашмгин мешаванд, мувофиқи ин параметр мо маҷбурем, ки онҳоро аз даст диҳем. Аммо девонагии имрӯзаи Амрико ба таври ҳайратангез бебаҳс аст. Куҷоянд ҳама сулҳталабон, муборизони бешумори роҳи сулҳ куҷо рафтанд, оё ин дар ҳақиқат ҳам, барои ҳама яксон аст?
Чунин ба назар мерасад, ки танҳо дар “Fox News” шумо метавонед огоҳиҳои эҳтиёткоронаро бо услуби "агар ҷанг набошад”, дучор шавед. Бо вуҷуди ин демшизаи амрикоӣ аллакай таҳдид мекунад, ки мизбон Такер Карлсонро барои он ки ҳамаро каме ором намуд, аз байн мебарад.
Флаг Великобритании - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.02.2022
Ғарб дар муқобили Русия то чӣ ҳад хоҳад рафт?
Дар ҳамин ҳол вазъият назар ба давраи ҷанги сард хеле хатарноктар ба назар мерасад. Аммо хори афзояндаи расонаҳои амрикоӣ ва Бритониё ҳама гуна садои ақл, ҳама гуна кӯшиши аз остонаи баргардонидани ҷаҳонро фаро мегирад. Чунин якравӣ аз куҷо пайдо мешавад?
Гап дар сари он аст, ки дар зери пардаи ин истерияи таъсирбахш пули хеле калон ба даст оварда мешавад. Ва онҳо чунон ки шумо медонед, хомӯширо дӯст медоранд. Аз ин рӯ расонаҳои беодоб дар бораи Украина садо баланд мекунанд, аммо дар бораи онҳое, ки аз ин мавзуъ пул кор мекунанд, хомӯширо афзал медонанд.
Ҷанг дар он ҷо, дар охири дунё, як роҳи беҳтарин барои соҳибкорони амрикоӣ аз ҳисоби буҷаи давлатӣ ғизо додан аст. Афғонистонро гирем. Ба ин баҳона расман як триллион доллар ғорат шуд. Ба гуфтаи худи амрикоиҳо, дар беҳтарин ҳолат се ё чаҳор дарсад ба мардуми азияткашидаи Афғонистон кумак карданд. Ҳамаи чизи дигар ба кисаи пудратчиёни Пентагон даромад.
Аммо дар ягон амалиёти воқеии ҳарбӣ иштирок кардан лозим нест. Пулро хеле осонтар ба даст овардан ва буридан мумкин аст. Матбуоти таҳти назорати олигархҳо дар бораи Русияи таҷовузкор ғавғо мебардоранд. Пентагон бюҷетро зиёд мекунад. Олигархҳо ҳамчун пудратчӣ миллиардҳои буҷетро аз худ мекунанд.
Здание Капитолия в Вашингтоне, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.01.2022
Аз генотсид то "таҳримоти дузахӣ": Ғарб бо худ содиқ аст
Пас аз вокеоти 11 сентябр Вазорати мудофиаи ИМА бо пудратчиёни хусусӣ тиҷорати васеъ анҷом дод. Имрӯз ширкатҳои беҳтарини замони мо барои фармоишҳои ҳукумати ҳарбӣ мубориза мебаранд. Дар давоми бист соли охир онҳо кариб 4,5 триллион долларро аз худ карданд.
Водии Силикон, ки бо пули Пентагон сохта шудааст, то ҳол аз он ҷо тазриқи молии чандмиллиардӣ мегирад. Барои тамоми ҷаҳон ширкатҳои IT рамзи тадқиқоти беғаразонаи илмӣ, истиқлол ва пешрафт мебошанд. Дар ҳақиқат онҳо ба комплекси ҳарбию саноатии Амрико ва разведкаи он садоқатмандона хидмат мекунанд, ин яке аз манбаъҳои асосии даромадашон мебошад.
Бузургҷуссаҳои IT навакак дар мубориза барои шартномаи бисёрмиллиарддолларӣ аз Пентагон барои нигоҳдории маълумот ҷамъ омаданд. “Microsoft” пирӯз шуд, аммо соҳиби “Amazon” Ҷефф Безос ба ин розӣ нест ва ба додгоҳ шикоят мебарад.
Тааҷҷубовар нест, ҳама шабакаҳои иҷтимоӣ, васоити ахбори омма ва платформаҳои ба олигархҳои IT тааллуқдошта ғояи Русияи таҷовузкорро, ки пайваста ба ҷое ҳамла мекунанд, беист ба сари мардум мезананд. Агар ин садои иттилоотӣ паст шавад, олигархҳо аз охӯрҳояшон маҳрум мешаванд.
Майкл Браун, ситораи собиқи водии Силикон ва директори феълии шуъбаи инноватсионии дифои Вазорати дифоъи ИМА мегӯяд: "Ман намедонам, ки шумо муноқишаи моро бо Чин ва Русия чӣ номидаед... Ман гуфта метавонам, ки мо бо онҳо ҷанг дорем".
"Ҷанг"-и маҷозӣ байни Русия ва Украина василаи табиии наҷоти иқтисоди Амрикост. Моҳи январ мо гардиши эпикии интиқолдиҳандагони гази моеи амрикоиро дидем. Аввал газро ба Осиё мебурданд, баъд ба Аврупо рӯ оварданд. Имрӯз дар обҳои ИА назар ба як соли пеш тақрибан се бор зиёдтар интиқолдиҳандагони гази моеъ мавҷуданд. Энтони Блинкен, вазири корҳои хориҷии Амрико инро ҳамчун наҷоти аврупоиҳо аз буҳрони энержӣ тавсиф мекунад.
Аммо аврупоиҳо бояд барои ин газ пули комилан девонавор пардохт кунанд. Амрикоиҳо онҳоро ба таври аҷиб тоза мекунанд. Бубинед, ки чӣ гуна таъминкунандаи асосии LNG дар ИМА Ченер даромадро ба таври муъҷизавӣ афзоиш додааст, ки дар соли 2021 аз соли 2020 ду баробар афзоиш ёфтааст.
Ва барои Иёлоти Муттаҳида то чӣ андоза баланд шудани нархи нафту газ муфид аст! Якчанд моҳ пеш ҳукумати Байден ба масъалаи энержии сабз тӯф карда, бузургтарин музоядаи пармакунии чоҳҳои нав дар Халиҷи Мексикаро тасдиқ кард.
Флаги с символикой Евросоюза, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.01.2022
Аврупо дар шеваи муҷозоти Русия ба хулосае намерасад
Истихроҷи нефт дар ин ҷо ҳич гоҳ ба ин андоза зиёд карда нашуда буд. Хуб, амрикоиҳо дар ҳамин ҳол бо гармшавии глобалӣ рӯшанфикрони аврупоиро фиреб медиҳанд ва маҷбур мекунанд, ки ба осиёбҳои бодӣ гузаранд. Дуруст аст, касе бояд карбогидрадҳои Амрикоро харад — тозатарин ва демократитарин дар чаҳонанд онҳо.
Аммо ин охири кор нест. Ҳатто ҳоло тиҷоратҳои аврупоӣ муфлис мешаванд ва наметавонанд ба нархҳои девонавори энергия тоб оранд. Корпоратсияи пешкадами америкоии CF “Industries”, масалан, дар Англия якбора ду заводи нуриҳои минералиро харид.
Ин ҳама харидҳо хеле фоидаоваранд. Барқ аллакай тило шудааст. Нархи куд бо суръати шадид баланд мешавад. Таҳлилгарон афзоиши бузурги қимати ғизоро пешгӯӣ мекунанд.
Русҳо ва украиниҳо фикр мекунанд, ки онҳоро ба ҷанг мекашанд. Бо вуҷуди ин ҷанги воқеӣ муддати тӯлонӣ идома дорад. Ин ҷанги иқтисодии Амрико бо дустони қаллоби худ — иттифоқчиёни аврупоӣ мебошад. ИМА саноати Аврупоро бераҳмона несту нобуд ва таҳдид мекунад, ки шаҳрвандони Иттиҳоди Аврупоро ба гуруснагӣ меандозанд. Ва ин ҳама аз сабаби норасоии энергия аст, ки онҳо эҷод кардаанд.
Аммо он чизе, ки ба шаҳрвандони Олмон, масалан, монеа мешавад, ин аст, ки ба майдони назди Бундестаг рафта, ба роҳбарият рӯ оварда гӯянд: "Биёед, хонумон ва ҷанобон, ниҳоят гӯш кардани устодони амрикоиро бас кунед, мо ях задаем.
Бо вуҷуди ин дар ин ҷо фарёди ваҳшӣ дар бораи "ҳуҷум"-и русҳо баланд мешавад. Ин ягона баҳонаест, ки имкон намедиҳад, “Маҷрои Шимол-2” амалӣ шавад. Зеро газ бо нархи оқилона Иттиҳоди Аврупоро як рақиби пурқудрати давлатҳо хоҳад кард. Ба америкоиён ин лозим нест, онҳо дигар ба рақобати одилона тоб оварда наметавонанд. Онҳо мехоҳанд, ки Аврупоро ба чунин қашшоқии комил биронанд, вақте ки ягона наҷот аз сардӣ ва гуруснагӣ танҳо мақомоти онҳо дар тавсеа ба Шарқ медиданд.
Хуб, боз як зерматни ин ҳама истерика дар бораи "ҳуҷум". Ду сол пеш, 9 ва 12 марти соли 2020, бузургтарин фурӯпошӣ дар бозорҳои саҳомӣ рух дод. Ин як офати бузург буд, аз соли 1987 инҷониб дар биржаҳо чунин чизе рух надода буд. Бо вуҷуди ин мардум фурӯпоширо пай набурданд. Сипас, дар моҳи марти соли 2020 тамоми ВАО бо хабарҳо дар бораи коронавирус пур шуданд.
Ҳодисаҳо ҳанӯз кам буданд, муҳосираҳо нав оғоз мешуданд, иқтисод барои суст шудан вақт надошт. Бо вуҷуди ин олигархҳои амрикоӣ ин масъаларо тавре шарҳ доданд: ин пандемия буд, ки ба суқути биржа оварда расонд.
Амнияти ҷамъӣ ва ҳамсояҳои Русия дар зери зарбаи Ғарб
Ҷолиб он аст, ки бузургтарин саҳҳомон, бонкҳои асосии ИМА, соҳибони сарватҳои чандмиллиарддолларӣ аз ин фалокат осеб надидаанд.
Дар ҳоле ки сармоягузорони хусусӣ ва тиҷорати хурд ба таври оммавӣ ноком мешуданд, бузургтарин бонкҳои амрикоӣ устувории аҷиб ва афзоиши даромад нишон доданд. Солҳои пандемия - ғаму андӯҳ ва ноумедии миллиардҳо одамон барои “Goldman Sachs”, SP “Morgan”, NY “Mellon” бо тило баробар буданд.
Ҳоло бозори саҳҳомӣ боз ҳам гармтар ба назар мерасад. Эҳтимол аст, ки зери "ҳуҷуми Русия" боз як суқути бозори саҳҳомӣ ба нақша гирифта шавад. Хуб, бале, ин на танҳо ба аврупоиҳо, балки ба амрикоиҳо низ зарба мезанад - онҳо дар соли 2020 ба таври оммавӣ саҳмияҳоро хариданд. Аммо элитаи Амрико кай ба аҳолии худ дилсӯзӣ карда буд? Онҳо дар ин ҷо чизи наве надоранд - худатонро бизанед, то бегонагон битарсанд. Режими Амрикл бо баҳонаи "таҷовуз"-и Русия ҳар касеро, ки метавонад ғорат мекунад.
Лентаи хабарҳо
0