Путин: ИМА нигарониҳои асосии Маскавро нодида гирифтааст

© Sputnik / POOL / Гузариш ба медиабонкПрезидент РФ В. Путин провел встречу с министром юстиции РФ К. Чуйченко
Президент РФ В. Путин провел встречу с министром юстиции РФ К. Чуйченко - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.02.2022
Обуна шудан
Аз вокуниши Иёлоти Муттаҳида ба кафолатҳои амниятӣ аллакай маълум аст, ки ҷониби Амрико нигарониҳои бунёдии Русияро нодида гирифтааст, гуфт раисҷумҳури Русия дар нишасти матбуотӣ дар пайи мулоқот бо сарвазири Маҷористон
ДУШАНБЕ, 2 фев — Sputnik. Сарвари Русия афзуд, Маскав чавобҳои 26 январ аз ШМА ва НАТО дар посухи таклифҳои марбути кафолатҳои амниятиро ҷиддӣ таҳлил мекунад. "Мо ба таври кофӣ баррасии се талаби калидии худро надидем", - гуфт президент.
Путин ҷилавгирӣ аз тавсеаи паймон, даст кашидан аз истиқрори системаҳои аслиҳаи таҳоҷумӣ дар наздикии марзҳои Русия ва ҳамчунин баргардонидани зерсохтҳои низомии НАТО дар Аврупо ба ҳолати соли 1997-ро аз ҷумлаи нуқтаҳои асосӣ ном бурд. Вай ёдовар шуд, ки пас аз фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ ин паймон ваъда дода буд, ки зерсохтори худро ба самти Шарқ накӯчонад, аммо ҳоло ин иттиҳодия кишварҳои Соҳили Балтик, Лаҳистон ва Руминияро шомил мешавад.
Дар баробари ин президент ба он таваҷҷуҳ зоҳир кард, ки сиёсати "дарҳои боз" дар ҳеҷ як ҳуҷҷати эътилоф гуфта нашудааст. Вай ҳамчунин дар бораи таҳдидҳое, ки узвияти Украина дар НАТО дорад, сухан гуфт.
Флаги с символикой Евросоюза у здания Еврокомиссии в Брюсселе. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.02.2022
Тороҷи Аврупо. Амрикоиҳо ҳампаймонони худро ғорат мекунанд
"Дар асноди доктринаии худи Украина навишта шудааст, ки онҳо Қримро бо роҳи низомӣ баргардониданианд. Ин на он чизест, ки ба мардум мегӯянд, балки дар ҳуҷҷатҳо навишта шудааст. Тасаввур кунед, ки Украина узви НАТО асту муҷаҳҳаз бо силоҳ, системаҳои зарбаии замонавӣ ба мисли Лаҳистон ва Руминия. Кӣ бояд инро боздорад? Ва он дар Қрим амалиёт оғоз мекунад, ҳоло ман ҳатто дар бораи Донбасс ҳарф намезанам", - гуфт Путин.
Вай даъват кард, дар бораи он фикр кунанд, ки чунин сенария ба чӣ оварда мерасонад. Путин таъкид кард, ки Маскав саъй дорад, аз ташдиди вазъ ҷилавгирӣ кунад, зеро амнияти ҳама ҷонибҳои манфиатдор - Русия, Иттиҳодияи Аврупо ва Украинаро таъмин кардан лозим аст.

Вокуниши фаврӣ

Вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров қаблан гуфта буд, ки Маскав аз ҳар як кишвари НАТО, аз ҷумла Иёлоти Муттаҳида, то 1 феврал посухи сареъро интизор аст.
"Мо мунтазири посухи фаврӣ ҳастем. Ин набояд вақти зиёдро талаб кунад. Дар ниҳоят сухан дар бораи мушаххас кардани фаҳмиш меравад, ки раисҷумҳури шумо (нахуствазир) бар асоси он уҳдадориҳои дахлдорро имзо кардааст", — омадааст дар матни паёми Лавров ба вазоратҳои корҳои хориҷии Иёлоти Муттаҳида, Канада ва як қатор кишварҳои Аврупо, ки дар интернет нашр шудааст. Паём ба мавзӯи тақсимнопазирии амният бахшида шуда, 28 январи соли ҷорӣ ирсол шудааст.
"Мо инчунин ба он бармегардем, ки вокуниш ба ин паём дар сатҳи миллӣ хоҳад буд, зеро уҳдадориҳои зикршуда аз ҷониби ҳар як давлати мо ба таври инфиродӣ қабул карда шудаанд, на аз номи ягон блок ё як қисми он", - гуфта мешавад дар ҳуҷҷат.
Тавре Лавров дар пайи як суҳбати телефонӣ бо вазири хориҷаи Амрико Энтони Блинкен гуфт, Маскав дар ҳоли такмили додани ҳамоҳангсозии байнибахшӣ барои вокуниш ба посухи ИМА ва НАТО дар мавриди кафолатҳои амниятӣ аст. Ҳамчунин ӯ гуфт, Вашингтон ва муттаҳидонаш дар НАТО дар нисбати принсипи тақсимнопазирии амният беэътиноӣ зоҳир мекунанд.
"Ин принсипи калидии ҳуқуқи байналмилалиро, ки дар фазои Авруатлантик мувофиқа шудааст, ҳамкорони ғарбии мо танҳо кӯшиш мекунанд, ҳатто нодида нагиранд, балки комилан фаромӯш кунанд. Ман дар паёми ҷудогона он чиро, ки акнун бо шумо суҳбат мекунам, ба тафсил шарҳ додам ва барои ҳама вузарои хориҷаи СПАД ва як қатор давлатҳои дигар фиристодам, то мавқеи моро бидонанд", - таъкид кард роҳбари дипломатияи Русия.

Масъалаи Украина ва гуфтушунид бо Ғарб

Дар моҳҳои ахир равобити Русия ва Ғарб боз ҳам муташанниҷ шудааст. Кишварҳои ғарбӣ Маскавро дар омодагӣ ба “таҷовуз” ба Украина муттаҳам мекунанд ва дар ин замина ҳузури худро дар Аврупои Шарқӣ тақвият бахшида, таҳдид мекунанд, ки таҳримҳоро ташдид менамоянд. Русия ҳамаи ин иддаоҳоро рад мекунад ва ёдовар мешавад, ки Киев тавофуқоти Минскро риоя намекунад:
Қувваҳои Мусаллаҳи Украина нисфи ҳайати артишро дар наздикии хатти тамос ҷамъ овардаанд ва ба сӯйи нерӯҳои мусаллаҳ аз аслиҳаи мамнуъ тирандозӣ мекунанд.
Маскав борҳо таъкид кардааст, ки ҳадаф аз ин қиссаҳои "таҷовуз" таъсиси як гурӯҳи хориҷӣ дар наздикии марзҳои Русия аст. Илова бар ин Кремл ва Вазорати хориҷа сабаби аслии муташанниҷ гаштани авзоъ дар Украинаро ба амалҳои Иёлоти Муттаҳида ва НАТО, ки ба он ҷо устодони низомӣ, аслиҳа ва таҷҳизоти низомӣ мефиристанд, теъдоди машқҳоро афзоиш ва ба ин васила Киевро ба самти низомӣ тела медиҳанд, рабт доданд.
Флаг Великобритании - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.02.2022
Ғарб дар муқобили Русия то чӣ ҳад хоҳад рафт?
Дар поёни соли гузашта Маскав тарҳи аснод дар бораи кафолати амниятиро ба Брюссел ва Вашингтон супурда буд. Кремл исрор дорад, ки ҳамкориҳои низомии ин блок бо кишварҳои пасошӯравӣ қатъ гашта, аз таъсиси пойгоҳҳо дар қаламрави онҳо даст кашад, ҷойгиркунии силоҳҳои зарбазан дар наздикии марзи Русияро маҳдуд, силоҳҳои ҳастаии Амрикоро аз Аврупо хориҷ кунад ва НАТО ба Шарқ густариш наёбад.
Рӯзи 27 январ Русия посухи хаттӣ гирифт. Вазорати корҳои хориҷӣ гуфт, ки шарикони ғарбӣ масъалаи муҳимтарин - вусъат надодани эътилофро ба эътибор нагирифтанд.
Лентаи хабарҳо
0