Раҳмон тасдиқ кард, ки Амриддин Аловатшоев дар Душанбест

© Пресс-служба президента РТРахмон Юсуф Ахмадзод генеральный прокурор РТ, архивное фото
Рахмон Юсуф Ахмадзод генеральный прокурор РТ, архивное фото  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.02.2022
Обуна шудан
НовостиTelegram
Мақомоти Тоҷикистон ба таври расмӣ истирдоди Амриддин Аловатшоев, яке аз роҳбарони ҷавонони бадахшониро ба Душанбе тасдиқ карданд
ДУШАНБЕ, 2 фев — Sputnik. Юсуф Раҳмон, додситони кулли Тоҷикистон таъйид намуд, ки Амриддин Аловатшоев дар боздошт дар шаҳри Душанбе қарор дорад.
Аловатшоев, ки яке аз роҳбарони ҷавонони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар Русия муаррифӣ мешавад, даҳаи дуюми моҳи январ дар Русия боздошт гардид.
Дар ҳоле ки наздиконаш аз истирдоди Аловатшоев ба Душанбе хабар медоданд, расман мақомоти Тоҷикистон инро шарҳ намедоданд.
Юсуф Раҳмон истирдоди Аловатшоевро таъйид намуда изҳор дошт, ки ӯ ҳанӯз аз соли 2018-ум мавриди пайгарди қонунӣ қарор дошт. Аммо тафсилоти иттиҳомот алайҳи ӯро ироа накард.
Аловатшоеви 44-сола, зодаи Роштқалъа буда, аз роҳбарони зодагони ин ноҳия дар Русия муаррифӣ мешуд. Ӯ асосан дар Русия зиндагӣ ва ба гуфтаи наздиконаш, дар яке аз ширкатҳои муҳофизатӣ фаъолият мекард.
Амриддин Аловатшоевро аз ҷумлаи нафароне мегӯянд, ки дар пайи нооромиҳои моҳи ноябри соли 2021 дар Хоруғ ба назди сафорати Тоҷикистон дар Маскав ҳозир шуд ва бо сафир дар Русия барои ҳалли қазия мулоқот анҷом доданд.
Ин дар ҳолест, Ситоди байниидоравии таъмини амният дар ВМКБ соли 2018-ум дар феҳрасти "саркардагони гурӯҳҳои ҷиноӣ"-и шаҳри Хоруғ ва навоҳии Шуғнону Роштқалъа 7 нафарро ном бурда, иттилоъ дод, ки ба ҳар яки онҳо огоҳии расмӣ дода шуд ва онҳо протоколи расмиро шахсан имзо намуданд.
Манбаъ изҳор дошта буд, ки аз шаҳрвандони зикршуда талаб карда шуд, аз ташкилу роҳбарии гурӯҳҳои ҷиноӣ, даъвати ҷавонон ба бетартибиҳо, ғасби иншооти давлатӣ, таҳқири намояндагони ҳокимият, гардиши силоҳ, маводи мухаддир, аъмоли ғайриқонунӣ бар зидди амнияти ҷомеа худдорӣ кунанд.
Лентаи хабарҳо
0