Гурӯҳе аз донишҷӯёни тоҷик аз пардохти маблағи таҳсил озод шуданд: кадом гурӯҳ?

© Sputnik / Павел Лисицын / Гузариш ба медиабонкВозобновление очного обучения в вузах
Возобновление очного обучения в вузах - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.02.2022
Обуна шудан
НовостиTelegram
Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон гурӯҳе аз донишҷӯён аз пардохти маблағи таҳсил озод гардиданд
ДУШАНБЕ, 3 фев — Sputnik. Шӯрои олимони Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ятимони кул, маъюбони гурӯҳҳои 1, 2 ва нимаятимону афроди камбизоати донишҷӯро аз пардохти маблағи солонаи таҳсил озод кард.
Дар ин бора ректори Донишгоҳи технологӣ Илҳом Амонзода зимни нишасти матбуотӣ хабар дод.
Ҳамчунин дар баробари озод шудан аз пардохти таҳсил ба онҳо кумакпулии якдаъфаии молӣ низ пардохт мешавад.
Бино ба гузориши Амонзода, дар донишгоҳ 9 нафар аз донишҷӯён ятими кул, 11 нафар маъюби гурӯҳҳои 1, 2 ва беш аз 357 нафар нимаятиму камбизоат мебошанд.
Таджикский национальный университет. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.02.2022
Хобгоҳи бепул ва коҳиши маблағи таҳсил: сабукиҳо ба донишҷӯёни афғон дар Тоҷикистон
Дар баробари ин ректори донишгоҳ дар бораи ҳамкориҳо бо Куриё гуфт.
Ҳамин тавр дар ҳамкорӣ бо Коллеҷи лифтсозии Куриё дар донишгоҳ Маркази таълимии муҳандисии лифтсозӣ ифтитоҳ шудааст.
Ин марказ дар оянда бо таҷҳизоти соҳавӣ муҷаҳҳаз гардонида шуда, мутахассисони соҳаи лифтсозӣ омода менамояд.
Лентаи хабарҳо
0