Гӯшт, ширу ҷурғот ва чаккаи тоҷикӣ безарар аст? Посухи Кумитаи озуқаворӣ

© Sputnik / Амир ИсаевТорговля на рынке Мехргон
Торговля на рынке Мехргон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.02.2022
Обуна шудан
НовостиTelegram
Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Тоҷикистон гуфт, маҳсулоти ширии истеҳсоли худӣ аз ташхис мегузарад ва безарар аст
ДУШАНБЕ, 3 фев — Sputnik. Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Тоҷикистон мегӯяд, хӯрдани ҳама навъи маҳсулоти ширии маҳаллӣ, аз ҷумла чакка ва ҷурғот безарар аст.
Ба қавли раиси Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Тоҷикистон Муҳаммадсаид Файзуллозода, ҳар саҳар гӯшту шири бозор ташхису озмоиш мешавад.

"Мо дар ҳамаи бозорҳо намоянда дорем. Ҳар саҳар гӯшт ва шире, ки ворид мешавад, албатта, аз ташхис мегузарад", - гуфт раиси Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Тоҷикистон дар нишасти хабарӣ.

Ба қавли Бобошоҳ Давлатшоҳзода, сардори Раёсати Кумитаи бехатарии озуқаворӣ дар Душанбе, чунин маҳсулот аз нуқтаҳои аввалия бехатар карда мешаванд.

"Яъне аз фермаҳо то хоҷагию шахсони алоҳида, ки ба парвариши чорво машғул ҳастанд, нисбати бемориҳои хавфнок чораҳои зиддиэпидемикӣ мегузаронанд. Аллакай шир ва дигар маҳсулоти худӣ безарар аст", - гуфт Давлатшоҳзода.

Ӯ аз маҳаллаи 104-уми шаҳри Душанбе мисол оварда гуфт, ширфурӯшоне, ки худ ба парвариши чорво машғуланд, ҳайвонҳои худро зидди бемориҳои хатарнок эм мекунанд.
Лентаи хабарҳо
0