Ҷаласаи махсус барои пешгирии бемориҳои сироятии эпизоотӣ дар Хуҷанд

© Sputnik / Стас ЭтвешПанорама города Худжанд, архивное фото
Панорама города Худжанд, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.02.2022
Обуна шудан
Дар Хуҷанд ҷаласаи ҳолатҳои фавқуллодаи зиддиэпидемикӣ барои пешгирии бемориҳои сироятии эпизоотӣ баргузор шуд
ДУШАНБЕ, 3 фев — Sputnik. Дар шаҳри Хуҷанд таҳти роҳбарии муовини Раиси вилояти Суғд Зайнура Азимӣ ҷаласаи навбатии ҳолатҳои фавқуллодаи зиддиэпидемикӣ баҳри пешгирии бемориҳои сироятии эпизоотӣ сурат гирифт, иттилоъ додааст дафтари матбуоти шаҳрдории Хуҷанд.
Манбаъ иттилоъ додааст, ки дар ҷаласа таъкид шуд, ки дар Тоҷикистон соҳаи тандурустӣ соҳаи афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ба ҳисоб рафта, солимии мардум боигарии давлат ва ҷузъии таркибии ҳадафҳои стратегии он дониста шудааст.
Дар ин ҷаласа қайд карда шуд, ки ҳукумати Тоҷикистон ба соҳаи тандурустӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамоянд.
Экономический рост , архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 31.01.2022
Маорифу тандурустӣ дар Суғд аз нақша камтар пул гирифтанд
“Ҳоло сатҳу сифати ташхису табобати беморон нисбат ба солҳои пеш хеле беҳтар гардида, барои ташхису табобат ба кишварҳои хориҷӣ рафтани шаҳрвандон бамаротиб коҳиш ёфтааст”, - гуфт Зайнура Азимӣ.
Ҳамзамон дар ин ҷаласа қайд карда шудааст, ки бо мақсади пешгирии ҳодисаҳои нохуш вобаста ба вазъи ногувори сирояти ҳорӣ, буғумдард, сӯхтанӣ, ки сарчашмаи асосии сироят ҳайвонот мебошанд, масъулини соҳаи санитарию эпидемиологии шаҳру ноҳияҳо, Раёсати кумитаи бехатарии озуқаворӣ дар вилояти Суғд, сардухтурони сохторҳои КАТС ва госпиталӣ, сардорони марказҳои ташаккули тарзи ҳаёти солим, сардорони хоҷагиҳои манзилию хизматрасонии коммуналӣ, шуъбаҳои безараргардонии шаҳру ноҳияҳо вилоятро зарур аст, ки корбариро дар самти пешгирии бемориҳои эпизоотӣ ҷоннок намуда, баҳри сари вақт ошкор ва бартараф намудани қонуншиканиҳо чораҳои мушаххас андешанд.
Таъкид шудааст, ки барои пешгирии бемориҳои болозикр бо амалӣ намудани чорабиниҳои профилактикӣ, баланд бардоштани маърифати санитарии аҳолӣ ба масъулини соҳаҳо дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.
Лентаи хабарҳо
0