Ташхиси коргарони муҳоҷири вилояти Маскав дар робита ба бемориҳои сироятӣ оғоз мешавад

© Sputnik / Михаил Воскресенский / Гузариш ба медиабонкМигранты на медобследовании
Мигранты на медобследовании - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.02.2022
Обуна шудан
Дар вилояти Маскав тартиби муоинаи тиббии шаҳрвандони хориҷиро муайян карданд
ДУШАНБЕ, 3 фев — Sputnik. Дар вилояти Маскав ҳамаи хориҷиёне, ки дар ин минтақа зиндагӣ мекунанд, дар робита ба бемориҳои сироятӣ ва истифодаи маводи мухаддир ё моддаҳои психотропӣ муоина хоҳанд шуд.
Дар ин бора фармони вазири тандурустии Русия содир шудааст.
Тибқи қонун “Дар бораи тасдиқи тартиби гузаронидани муоинаи тиббӣ” муҳоҷирини корӣ муваззафанд, ки аз муоинаи ВНМО, маводи мухаддир ва як қатор бемориҳои сироятӣ гузаранд.
Гуфта мешавад, танҳо хориҷиёне, ки ба муддати беш аз 90 рӯз дар Русия хоҳанд буд, ташхис мешаванд.
Шаҳодатномаҳо барои як сол эътибор доранд, пас аз ин муддат озмоиш бояд дубора сурат гирад.
Қонуни дахлдори федеролӣ 29 декабри соли 2021 эътибор пайдо кард.
Проверка документов сотрудниками ФМС  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.02.2022
Дар Русия мехоҳанд, ниҳоди алоҳидаи муҳоҷиратӣ таъсис диҳанд
"Тартиби ташкил ва гузаронидани муоинаи тиббии шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд дар вилояти Маскав дар робита ба мавҷудият ё набудани далели истеъмоли воситаҳои нашъадор ё моддаҳои психотропӣ, ки бе тавсияи духтур истифода шудаанд ё истеъмоли моддаҳои нави эҳтимолан хатарноки психоактивӣ, бемориҳои сироятии барои дигарон хатарнок, аз қабили ВНМО муқаррар карда шавад", - омадааст дар ин ҳуҷҷат.
Дар фармон гуфта мешавад, ҳар моҳ дар бораи теъдоди хориҷиёне, ки аз муоинаи тиббӣ гузаштаанд ё ташхиси онҳо дар иртибот ба бемориҳои номбаршуда мусбат будааст, гузориш дода мешавад.
Дар ин вилоят барои гузарондани тадқиқот Институти вилоятии тадқиқоти илмии клиникии М. Ф. Владимирск муваззаф шудааст. Ин муаассиса ҳамчунин бо маркази муҳоҷирати вилояти Маскав ҳамкорӣ хоҳад кард.
Барои гузаштан аз ташхис шаҳрвандони хориҷӣ бояд ҳуҷҷатҳое аз қабили шиноснома, варақаи муҳоҷират бо қайди мақомоти сабти муҳоҷират, корти муҳоҷират ва нусхаи он, раводид ва нусхаи онро (дар ҳолати зарурӣ) пешниҳод намоянд.
Лентаи хабарҳо
0