Қурби рублу евро дар Тоҷикистон дубора боло рафт: ба доллар чӣ шуд?

© Sputnik / Владимир Трефилов / Гузариш ба медиабонкДоллары, рубли и евро
Доллары, рубли и евро - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.02.2022
Обуна шудан
Пули русӣ ва аврупоӣ пас аз раванди якбораи поинравӣ дигарбора майли гаронӣ доранд
ДУШАНБЕ, 3 фев — Sputnik. Аз авоили моҳи феврал рубл дар Тоҷикистон ба афзоиши муътадил гузашт ва тибқи нишондодҳои Бонки миллии кишвар, тақрибан ҳамарӯза арзишаш афзоиш меёбад.
Ба ин тартиб, тибқи нишондоди БМТ, ҳазор рубл ба 148 сомонӣ баробар шуд, ки дар оғози ҳафта он ҳамагӣ 145 сомонӣ буд.
Аз 28 январ пули русӣ тамоюли болоравиро нишон дод. Қобили зикр аст, қурби баландтарин дар миёнаҳои моҳи декабри соли гузашта сабт шуда буд, ки як рубл ба 0,157 сомонӣ баробар буд.
Аммо аллакай пеш аз соли нав ин асъор дар баробари сомонӣ ба сатҳи соли 2019 поин рафт.
Денежные купюры. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.01.2022
Пешбинии иқтисоддон дар бораи ояндаи доллар: бояд харид ё на?
Дар мавриди арзи амрикоӣ бошад, қурби он устувор буда, дар ҳудуди 11,30 сомонӣ барои як доллар нигоҳ дошта мешавад.
Евро дар Тоҷикистон дар ҳолати шинокунанда қарор дорад: тибқи иттилои БМТ, рӯзи 2-юми феврал як евро 12,78 арзиш дорад, ки нисбат ба як рӯзи қабл гаронтар аст.
Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Холиқзода Ҳоким Ҳикматулло дар нишасти хабарияш гуфт, ки асъори миллӣ дар баробари дигар арзҳо аз ҷумла доллар устувориро нигоҳ медорад.
Ба гуфтаи ӯ, қурби расмии сомонӣ нисбат ба доллари ИМА ба санаи 31 декабри соли 2021 муътадил арзёбӣ гардида, устувории пули миллӣ – сомонӣ нигоҳ дошта шуд ва беқурбшавӣ умуман ба назар нарасид.
Лентаи хабарҳо
0