Раҳмон барои озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” аз фондаш се миллион сомонӣ ҷудо кард

© Пресс-служба Президента Республики ТаджикистанРасширенное заседание Правительства Республики Таджикистан
Расширенное заседание Правительства Республики Таджикистан - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.02.2022
Обуна шудан
Раисҷумҳури Тоҷикистон барои озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” аз фондаш се миллион сомонӣ ҷудо кард
ДУШАНБЕ, 3 фев — Sputnik. Тибқи иттилои дафтари матбуотии раисҷумҳури кишвар, амри Эмомалӣ Раҳмон дар бораи баргузор намудани озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” дар соли 2022 ба имзо расидааст.
Дар амри раисҷумҳур гуфта шудааст, ки низомнома, ҳайати комиссия, ҷоизаҳо ва рӯйхати адабиёти тавсияшавандаи озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” тасдиқ шавад.
Ҳамзамон раисҷумҳур таъкид кардааст, ки вазоратҳои маориф ва илм, фарҳанг, Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, кумитаҳои телевизион ва радио, кор бо ҷавонон ва варзиш, кор бо занон ва оила, Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллии Тоҷикистон”-и Дастгоҳи иҷроияи президенти Тоҷикистон барои дар сатҳи баланд барпо гардидани озмуни мазкур чораҳои зарурӣ андешанд.
“ Мақомоти Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ иҷрои талаботи амри мазкурро таъмин намуда, ғолибони озмун ва омӯзгорону падару модаронеро, ки шогирдону фарзандонашон дар даври ҷумҳуриявии озмун барандаи ҷоиза шуданд, аз ҷиҳати моддӣ ва маънавӣ ҳавасманд гардонанд”, - таъкид кардааст раисҷумҳур.
Эмомали Рахмон, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.02.2022
Эмомалӣ Раҳмон ба Чин рафт
Инчунин Эмомалӣ Раҳмон ба Вазорати молияи Тоҷикистон дастур додааст, ки аз ҳисоби маблағҳои Фонди захиравии президенти Тоҷикистон, ки барои соли 2022 пешбинӣ гардидаанд, ба Дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон барои амалӣ намудани чорабинии мазкур 3 045 000 (се миллиону чилу панҷ ҳазор) сомонӣ ба таври нақдӣ ҷудо намояд.
Раисҷумҳур қайд кардаааст, ки Дастгоҳи иҷроияи президенти Тоҷикистон аз истифодаи маблағи ҷудошуда ба Вазорати молияи Тоҷикистон ҳисобот хоҳад дод.
Назорати иҷрои амри Эмомалӣ Раҳмон ба зиммаи муовини сарвазири Тоҷикистон (сарпарасти соҳа) вогузор шудааст.
Лентаи хабарҳо
0