Размикори тоҷик бо як зарба варзишкори ӯзбекро "нокаут" кард - видеои диданӣ

Обуна шудан
Муборизаи паҳлавонони ҷавон ҳар моҳ ногаҳонӣ пешкаш мешавад
Дар Маскав нахустин мусобиқаи "Колизей: Мусобиқаи қаҳрамонҳо" -2022 баргузор шуд.
Дар он паҳлавонон аз Русия, кишварҳои Осиёи Марказӣ ва ғайра ширкат карданд.
Сабқат ба далел пандемия бо теъдоди маҳдуди тамошобинон баргузор шуд, аммо дурахшонтарин муборизот дар канали "Youtube" нашр шудаанд, то ҳамагӣ аз набардҳои диданӣ лаззат баранд.
Тоҷик барои нахустин бор дар риштаи муҳорибаи омехта қаҳрамони ҷаҳон шуд
Яке аз набардҳои ҷолиби диққат дар октагон разми варзишкори зодаи Тоҷикистон Хайриддин Ашӯров ва намояндаи Ӯзбекистон Мирзобек Неъматов дар вазни 66 кг буд.
Он чанд сония давом кард: ҳамин ки варзишкорон дар октагон ба ҳам дарафтоданд, як лаҳза ҳам нагузашта, муборизи ӯзбек аз пой афтод.
Дидани он чӣ, ки рӯй дода буд, ниҳоят душвор буд.
Размикори тоҷик бо як зарба рақиби ӯзбекашро аз пой афтонд.
Натиҷа: Хайриддин Ашӯров дар 5 сония бо нокаут кардани ҳарифаш пирӯз шуд.
Лентаи хабарҳо
0