Дар Русия мехоҳанд, ниҳоди алоҳидаи муҳоҷиратӣ таъсис диҳанд

© Sputnik / Александр Вильф / Гузариш ба медиабонкПроверка документов сотрудниками ФМС
Проверка документов сотрудниками ФМС  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.02.2022
Обуна шудан
Вакилони парлумони Русия пешниҳод карданд, ки ба хотири дастгирии Сарраёсати ВКД дар умури муҳоҷират дар ин кишвар сохтори нави муҳоҷиратӣ таъсис дода шавад
ДУШАНБЕ, 3 фев — Sputnik. Дар Русия пешниҳод кардаанд, ки сохтори алоҳидае дар умури муҳоҷират таъсис дода шавад, менависад рӯзномаи "Парламентская газета".
Муовини аввали раиси Кумитаи Шӯрои Федератсия дар умури байналмилалӣ Владимир Ҷабборов бар ин назар аст, ки он набояд танҳо ба корҳои оперативӣ машғул шавад.
Ин ниҳоди нав метавонад ба равандҳои банақшагирии марбут ба вуруди оммавии хориҷиён ба кишвар машғул шавад.
"Сиёсати муҳоҷират дар Русия бояд аз ҷониби як шӯъбаи ҷиддии алоҳида роҳандозӣ шавад. Он бояд як сохтори ягонаи федеролӣ бошад, ки ба соҳаҳои мухталифи марбут ба муҳоҷират, аз муносибатҳои меҳнатӣ то масъалаҳои амниятӣ машғул бошад", - гуфт Ҷабборов.
Ба гуфтаи сенатор, ба ҷуз аз корҳои оперативӣ – пайгирии муҳоҷирон додани иҷозатномаи иқомат дар Русия ва ғайра, ки аз ҷониби Сарраёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар умури муҳоҷират амалӣ карда мешавад, зарур аст, ки буҳронҳо дар ин умур ва вазъи муҳоҷират пешгӯӣ шавад.
Ҷабборов бовар дорад, ки як шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар танҳоӣ аз уҳдаи ин кор баромада наметавонад, яъне корманди ин ниҳод фурсати ҳалли ин масоилро нахоҳанд дошт.
Дар навбати худ Владимир Жарихин, муовини директори Пажуҳишгоҳи кишварҳои ИДМ таъкид кард, байни гурезаҳое, ки барои ворид шудан ба Аврупо талош доранд ва муҳоҷирони корӣ, ки ба Русия ё кишварҳои Иттиҳоди Аврупо мераванд, фарқи зиёд вуҷуд дорад.
Рейд сотрудников ФМС по выявлению нелегальных мигрантов в Москве - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.01.2022
Барои кадом гурӯҳи шаҳрвандони Тоҷикистон вуруд ба Русия манъ аст: посухи вазорат
Ҳангоми таҳияи стандартҳои зиддибуҳронии муҳоҷират ин бояд ба назар гирифта шавад.
Ба гуфти Жарихин, навъҳои вижаи муҳоҷират низ вуҷуд дорад – омадани ҳамватанон аз хориҷа, ки ба гуфти коршинос, ҳангоми дарёфти шаҳрвандии Русия бояд ба онҳо имтиёзҳои зиёд дода шавад.
Узви Палатаи шаҳрвандӣ Максим Григорев ба зарурати омӯзиши таҷрибаи манфии муҳоҷират на танҳо дар Аврупо, балки дар Иёлоти Муттаҳида, ки ҳамасола то 5 миллион нафар ба таври ғайриқонунӣ сарҳадро убур мекунанд, ишора кард.
Дар вилояти Новосибирск теъдоди муҳоҷирон даҳ баробар афзуд
На танҳо ба афзоиши сатҳи ҷинояткорӣ дар байни муҳоҷирон, балки ба бунёди “анклав”-ҳо дар дохили мегаполисҳо низ таваҷҷуҳ зоҳир кардан лозим аст.
Ба эътиқоди коршиносон, одати зиндагӣ дар кишвари бегона, бидуни таваҷҷуҳ ба суннат ва урфу одатҳои он боис мешавад, ки насли дувуми муҳоҷирон дигар кор кардан нахоҳанд.
Ин боиси афзоиши ҷиноятҳои этникӣ, аз ҷумла гурӯҳҳои террористӣ мегардад.
Лентаи хабарҳо
0