Саргардонии мардуми Афғонистон барои дарёфти кумакҳои байналмилалӣ - видео

Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Садҳо сокини Мазори Шариф ҳамарӯза соатҳои тӯлонӣ дар назди дафтари Барномаи ҷаҳонии озуқаворӣ барои дарёфти кӯмаки ғизоӣ меистанд
Сокинон аз ниҳодҳои зирабт хостаанд, ки ин кумакҳоро ба хонаводаҳои ниёзманде, ки дар вазъи бади иқтисодӣ қарор доранд, тақсим кунанд, то мушкилоти бади онҳо ҳал шавад.
Аз сӯйи дигар масъулони Созмони Ҷаҳонии Ғизо дар Балх мегӯянд, ин созмон талош дорад, ин кумакҳоро ба афроди ниёзманд, ки ҳоло дар дувоздаҳ ноҳияи шаҳри Мазори Шариф дар вазъи бади иқтисодӣ қарор доранд, тақсим кунад.
Ёдрас менамоем, ки баъд аз бар сари қудрат расидани толибон вазъи иқтисодии аксари мардум дар ин кишвар бад шуд. Тибқи гузоришҳои СММ, агар ба Афғонистон фавран кумак нашавад, мардуми ин кишвар ба гурунагӣ рӯ ба рӯ мешаванд.
Лентаи хабарҳо
0