Мавҷи чаҳорум: гирифтории беш аз 600 нафар ба коронавирус дар Афғонистон

© REUTERS \ Mohammad IsmailМужчина в медицинской маске во время бесплатной раздачи продовольствия нуждающимся в Кабуле
Мужчина в медицинской маске во время бесплатной раздачи продовольствия нуждающимся в Кабуле  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.02.2022
Обуна шудан
Тибқи маълумоти ахири толибҳо, дар як шабонрӯзи ахир дар Афғонистон 629 нафар гирифтори вируси корона шудаанд
ДУШАНБЕ, 3 фев — Sputnik. Вазорати сиҳҳати оммаи толибон хабар додааст, ки дар 24 соати гузашта аз озмоиши як ҳазору 702 мавриди машкук ба ибтило ба корона 629 мавриди он мусбат ташхис шудааст, иттилоъ додааст радиои "Садои Хуросон".
Тибқи иттилои манбаъ, Ҷовид Ҳажир, сухангуи Вазорати сиҳҳати оммаи Афғонисон ахиран дар як паёме таъкид доштааст, ки дар як шабонарӯз 31 бемор дар бемористон бистарӣ шудаааст.
Ҳамзамон манбаъ илова кардааст, ки дар 24 соати ахир аз ин вирус се нафар ҷон бохтаанд.
Очередь за получения гуманитарной помощью в Мазари-Шарифе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.02.2022
Саргардонии мардуми Афғонистон барои дарёфти кумакҳои байналмилалӣ - видео
Сухангӯи ин вазорат набудани таҷҳизот ва бетаваҷҷуҳии мардум ба тавсияҳои беҳдоштиро яке аз мушкилоти ҷиддӣ хонда ва гуфтааст, ин яке аз нигарониҳои ҷиддии масъулони ин вазоратхона аст.
Дар ҳамин ҳол бархе аз коршиносон мегӯянд, дар Афғонистон имкон дорад, мавҷи чаҳоруми корона оғоз шавад.
Лентаи хабарҳо
0