Танҳо дар майдон: Комроншоҳ Тоҷикистонро дар мусобиқаи Париж намояндагӣ мекунад

© Страница вконтакте / Комроншох УстопирёнКомроншох Устопирён, архивное фото
Комроншох Устопирён, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.02.2022
Обуна шудан
НовостиTelegram
Имсол дар мусобиқаи калони байналмилалии "Тоскулоҳи бузург", ки аз рӯи анъана, дар Фаронса оғоз меёбад, кишварро танҳо як ҷудокор намояндагӣ мекунад
ДУШАНБЕ, 3 февр — Sputnik. Паҳлавони тоҷик Комроншоҳи Устопириён ба як мусобиқаи бонуфуз ба Париж меравад, хабар дод як манбаъ ба Sputnik Тоҷикистон.
Танҳо як намояндаи кишвар ба мусобиқаи "Тоскулоҳи бузург"-и ҷудо меравад. Устопириён дар вазни то 90 кило баромад мекунанд.
Оғози мавсими муҳими нави варзишӣ аз 5 то 6 феврал дар Фаронса баргузор мешавад, ки ин мусобиқот беш аз 50 сол пайи ҳам дар ин кишвар доир мешавад.
Давоми 2 рӯзи мусобиқот қавитарин варзишгарони сайёра барои медалҳо ва холҳои муҳими мусобиқа мубориза мебаранд.
Комроншох Устопириён - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 31.01.2022
Комроншоҳ дар Гран-Прии Португалия соҳиби медали биринҷӣ шуд
Маълум аст, ки пас аз сабқатҳо дар Париж, 17-19 феврал дар Телавив мусобиқаи "Grand Slam" оғоз мешавад. Дар ин мусобиқа 3 варзишгар аз Тоҷикистон ширкат мекунанд, ки онҳо Сомон Маҳмадбеков дар вазни 73 кг, Ҷаҳонгир Маҷидов - 90 кг, Темур Раҳимов дар вазни беш аз 100 кг мебошанд.
Ёдовар мешавем, ки охири моҳи январи соли 2022 Комроншоҳ Устопириён дар Гран Прии Португалия соҳиби медали биринҷӣ шуда буд.
Ӯ барои медали биринҷӣ бо Имед Гоголадзеи гурҷӣ ба майдон баромад ва соҳиби медал шуд. Илова бар ин баранда ба ҷуз медал 1000 евро мукофоти пулӣ низ гирифт.
Лентаи хабарҳо
0