Аҳмадзода корхонаҳои бузурги Суғдро муваззаф кард, то барои коргарон хона созанд

© PixabayКлючи от дома
Ключи от дома - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.02.2022
Обуна шудан
Корхонаҳои бузурги шимоли Тоҷикистон муваззаф шудаанд, ки барои кормандонашон манзили зист бисозанд
ДУШАНБЕ, 4 фев— Sputnik. Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд гуфт, ба он корхонаҳое, ки зиёда аз се ҳазор коргар доранд, дастур додааст, то барои кормандонашон хона созанд.
Аҳмадзода зимни нишасти матбуотӣ гуфт: "Агар се ҳазор коргар бошад ва ҳар оила шашнафарӣ узв дошта бошад, 18 ҳазор нафар мешавад. Оила меафзояд, фарзандон зиëд мешаванд, вазифаи ҷонии мо аст, ки ин корро кунем".

"Мо ба корхонаҳо гуфтем, ки барои беҳтар кардани ваъи зиндагии коргаронатон онҳоро бо хонаҳо таъмин намоед",- таъкид кард Аҳмадзода.

Ӯ зикр кард, аз Хуҷанд то Истаравшану Панҷакент корхонаҳои калон ҳастанд, ки дар онҳо ҳазорон коргар фаъолият мекунанд, ки онҳо мутахассис ҳастанду оила ва ба дастгирӣ ниëз доранд. Ба гуфтаи раиси Суғд, дар ин самт аллакай корхонаҳо корбарӣ доранд.
Аҳмадзода гуфт, иқдоми хонасозиро барои мутахассисон худи ҳукумати вилоят роҳандозӣ кардааст ва навоҳӣ низ оз он пайравӣ хоҳанд кард.
Движение транспорта по проспекту Рудаки в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.02.2022
"Хонахарҳо дар марказ ду мошинӣ доранд": раиси кумита аз мушкили таваққуфгоҳҳо гуфт
"Худи ҳукумати вилоят тасмим дорад, ки барои омӯзгорон ва табибони ҷавон солона то 100 хона созад. Дар шаҳру навоҳӣ низ ин иқдом татбиқ мешавад. Ҳоло лоиҳаҳо омода ва заминҳо низ ҷудо шудаанд", - гуфт раиси вилоят.
Ба гуфтаи Аҳмадзода, маблағҳое низ барои бунëди хонаҳои иҷтимоӣ ҷудо шуда, он ройгон тақсим карда мешавад. Ҳадаф аз роҳандозии ин тасмим пешгирӣ аз муҳоҷиршавии мутахассисони соҳаи иҷтимоӣ, аз ҷумла табибону омӯзгорон гуфта мешавад.
Лентаи хабарҳо
0