Беш аз ду ҳазор қарздор иҷозат надоранд, аз Тоҷикистон берун раванд

© Sputnik / Стас ЭтвешСемья на улице в Душанбе, архивное фото
Семья на улице в Душанбе, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.02.2022
Обуна шудан
Мақомоти Тоҷикистон ба пешгирӣ аз тарки кишвар кардани қарздорон иқдом кардааст. 2 285 нафар қарздор ҳаққи берун рафтан аз кишварро надоранд
ДУШАНБЕ, 4 фев — Sputnik. Барно Саидвализода, сардори Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Тоҷикистон дар нишасти матбуотӣ гуфт, дар бахши пешбурди феҳристи қарздорон ва махзани электронии хадамот, ки он бо мақсади ба низом даровардани қарздорӣ ва пешгирӣ аз оқибатҳои номатлуби он ташкил карда шудааст, айни ҳол 3 471 шахсони воқеӣ ва 184 шахси ҳуқуқӣ сабт шудааст.

“Барои баромада нарафтани қарздорон аз ҳудуди Тоҷикистон нисбат ба 2 285 нафар қарздорон маҳдудият гузошта шудааст, ки назар ба соли 2020 1949 нафар зиёд мебошад”, - таъкид кард хонум Саидвализода.

Сардори Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Тоҷикистон гуфт, амали мазкур натиҷаҳои мусбат дода, 49 нафар қарздор дар гузаргоҳҳои сарҳадӣ дастгир гардида, маблағҳои қарзӣ дар ҳаҷми зиёда аз 487 710 сомонӣ аз онҳо ситонида шуд.
Женщина на прогулке с ребенком - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.02.2022
Ситонидани беш аз 21 миллион сомонӣ маблағи алимент ба манфиати модару кӯдак
Ҳвамзамон Барно Саидвализода гуфт, ки Хадамот бо намояндагони барномаи "Мусоидат ба волоияти қонун дар кишварҳои Осиёи Марказӣ"-и Ҷамъияти Ҳамкории Байналмилалии Олмон (GIZ) ҳамкории судманд ба роҳ монда, бо Бюрои иҷрои маҷбурии назди Прокуратураи генералии Ӯзбекистон ёддошти тафоҳум имзо кардааст.
Инчунин дар доираи конвенсияҳои қабулгардида бо Хадамоти федералии приставҳои судии Русия, мақомоти иҷроияи ҷумҳуриҳои Беларус, Арманистон ва дигар кишварҳои минтақа дар соҳаи истеҳсолоти иҷро ҳамкорӣ ва мубодилаи таҷрибаро роҳандозӣ менамоянд.
Лентаи хабарҳо
0