Эрдуғон пешниҳоди миёнҷигарӣ дар байни Русия ва Украина кард

© Sputnik / Сергей Гунеев / Гузариш ба медиабонкПрезидент Турции Реджеп Тайип Эрдоган
Президент Турции Реджеп Тайип Эрдоган - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.02.2022
Обуна шудан
Туркия омодагияшро барои миёнаравӣ дар ҳалли мухолифатҳои миёни Русия ва Украина баён кард
ДУШАНБЕ, 4 фев — Sputnik. Раҷаб Тайиб Эрдуғон, раисҷумҳури Туркия омодагии кишварашро барои миёнҷигарӣ миёни Киев ва Маскав изҳор кард. Ӯ афзуд, ин дар суратест, ки агар баъди сафари тарҳрезишудаи Владимир Путин, раисҷумҳури Русия ба Туркия чунин зарурат ба миён ояд.

"Агар чунин зарурат баъди сафари ҷаноби Путин ба Туркия ба вуҷуд ояд, мо омодаем, миёнҷигариро ба уҳда гирем", - гуфт Эрдуғон зимни бозгашташ аз Украина.

Вай таъкид намуд, ки феълан бо Русия муносиботи ҷиддии дутарафа доранд, ки муқаррарӣ нест.
"Иқдомоте, ки бояд амалӣ шаванд, муҳиманд. Барои ин ман аҳамияти бузургро ба мулоқот бо Путин медиҳам. Албатта, масъалаи Украина низ бисёр муҳим мебошад", - гуфт раисҷумҳури Туркия.
Ин дар ҳолест, ки Анкара қаблан низ миёнҷигариро дар ҳалли мухолифатҳо пешниҳод карда, Владимир Путин, раисҷумҳури Русия ва ҳамтои украинияш Владимир Зеленскийро барои музокирот ба Туркия хонда буд.
Пештар Дмитрий Песков, сухангӯи раисҷумҳури Русия зимни шарҳи пешниҳоди Туркия барои миёнҷигарӣ дар музокироти миёни Киеву Маскав гуфта буд, нофаҳмиҳои асосӣ миёни Русия ва Украина ба иҷро нашудани тавофуқоти Минск аз ҷониби Киев бастагӣ доранд.
Визит главы МИД РФ С. Лаврова в Индию - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.01.2022
Лавров гуфт, Русия ба Украина ҳамла карданӣ нест
"Агар шарикони туркиёии мо тавонанд ба мақомоти Украина таъсире расонанду онҳоро сӯйи иҷрои созишҳои қаблан ҳосилшуда такон диҳанд, инро танҳо метавон истиқбол кард", - таъкид намуд Песков.
Мухолифатҳо дар шарқи Украина беш аз 7,5 соли охир идома доранд, ки ба иттилои СММ, зиёда аз 13 ҳазор нафар қурбонӣ бар ҷой гузоштаанд.
Роҳҳои ҳалли ин мушкилро "чоргонаи нормандӣ" баррасӣ дорад, ки аз Русия, Украина, Олмон ва Фаронса иборат мебошад. Солҳои 2015-2016 тарафҳо сари аломатгузорӣ созиш карданду дар шаҳри Минск созишнома ба имзо расид. Дар мулоқоти ахири сарони кишварҳои узв, ки дар Порис моҳи декабри соли 2019 баргузор гашт, қарор шуд, ки созишномаи Минск заминаи асосӣ барои идомаи кор дар ин самт боқӣ монад.
Ин санад қатъи оташбас, қафо бурдани аслиҳаи вазнини ҷангӣ аз хатти баҳамоӣ ва гузарондани ислоҳоти конститутсиониро пешбинӣ мекунад.
Лентаи хабарҳо
0