Ҷабборов гуфт, Русия бо буҳрони муҳоҷират рӯ ба рӯ намешавад

© Sputnik / Pavel Bednyakov / Гузариш ба медиабонкБеженцы в международном аэропорту Минска в ожидании вывозных рейсов авиакомпании Iraqi Airways
Беженцы в международном аэропорту Минска в ожидании вывозных рейсов авиакомпании Iraqi Airways - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.02.2022
Обуна шудан
Коршинос тавзеҳ дод, ки чаро Федератсияи Русия набояд дар ояндаи наздик аз вуруди хориҷиҳо битарсад
ДУШАНБЕ, 4 фев — Sputnik. Дар ояндаи наздик Русияро буҳрони муҳоҷират таҳдид намекунад. Дар ин бора муовини аввали раиси Кумитаи корҳои байналмилалии Шӯрои Федератсия Владимир Ҷабборов изҳори назар кард.
Ба гуфтаи ӯ, вуруди хориҷиён аз кишварҳои ҳамсоя, тибқи созишномаҳои байни кишварҳои ИДМ ва Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ (СПАД) сурат мегирад.
Аксари муҳоҷирон бо дархости ширкатҳои русӣ ба далели нарасидани кадр барои дарёфти пул ба Федератсияи Русия меоянд.
Проверка документов сотрудниками ФМС  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.02.2022
Дар Русия мехоҳанд, ниҳоди алоҳидаи муҳоҷиратӣ таъсис диҳанд
Ҷабборов ёдовар шуд, ки дар кишвар дар бораи муҳлати будубош, шароити кор ва сабти ном қоидаҳои қатъӣ вуҷуд дорад.
Русия авфи ба истилоҳ муҳоҷиратро дар ҷараёни равандҳои густардаи ҳамгироӣ дар Иттиҳоди Иқтисодии Авруосиё амалӣ кард. Ин ҳам ба шаҳрвандони Ӯзбекистон ва ҳам Тоҷикистон, ки узви ИИАО нестанд, дахл дошт.
Иҷозаи вуруд ба хориҷиёне дода шуд, ки қаблан дар қаламрави Русия қонуншиканиҳои хурд содир карда буданд.

"Мо ба одамоне, ки мехоҳанд, барои кор омада, як пора нони ҳалол пайдо кунанд, имкон медиҳем. Ин як лаҳзаи хеле мусбат аст, зеро муносибатҳои байни кишварҳои моро беҳтар мекунад", - таъкид кард Ҷабаров.

Ба гуфтаи ӯ, чунин тадбирҳо шиддатро дар ҷомеа коҳиш медиҳанд.
Бисёре аз муҳоҷирон дарк карданд, ки сабти ном дар Русия бояд ба таври қонунӣ сурат гирад, на тавассути миёнаравҳо бо пул.
Зимни мизи мудаввар, ки аз ҷониби рӯзномаи "Парламент" ташкил карда шуд, Ҷабборов хостори таъсиси як шуъбаи алоҳида дар робита ба муҳоҷират дар Федератсияи Русия шуд.
Он бояд як сохтори ягонаи федералӣ бошад, ки ба фаъолият дар соҳаҳои гуногуни марбут ба хориҷиён машғул шавад, таъкид кард ӯ.
Лентаи хабарҳо
0