Мардум донад? Зувайдзода гуфт, нақшаи генералӣ махфист

© Sputnik / Амир ИсаевГлава Комитета по архитектуре и строительству Махмадсаид Зувайдзода
Глава Комитета по архитектуре и строительству Махмадсаид Зувайдзода  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.02.2022
Обуна шудан
Нақшаи генералӣ барои садсола таҳия шудаасту татбиқи он маблағу муҳлатҳои муайянро талаб мекунад, изҳор дошт раиси Кумитаи меъмории Тоҷикистон
ДУШАНБЕ, 4 фев — Sputnik. Маҳмадсаид Зувайдзода, раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Тоҷикистон мегӯяд, нақшаи генералии шаҳри Душанбе ҳуҷҷати махфист.
Зувайдзода ин нуктаро дар посух ба суоли рӯзноманигорон, ки хостори дастрасии аҳолӣ ба нақшаи генералӣ шуданд, зикр кард.

"Нақшаи генералӣ ин ҳуҷҷати махфӣ мебошад, ки дар ҳама ҷо паҳн кардани он мумкин нест", - изҳор дошт раиси Кумитаи меъморӣ дар ҷавоб ба рӯзноманигороне, ки гуфтанд, мардум бояд донанд, кадом биноҳо тахриб мешаванд.

Ӯ изҳор дошт, ки агар суоле дар мавриди ягон ҳудуди муайян бошад, рӯзноманигорон метавонанд муроҷиат кунанд ва масъулини меъморию сохтмон посух хоҳанд дод.
Зувайзода афзуд, асосан тибқи нақшаи генералӣ, ҳамаи он хонаҳое, ки дар марказанду якошёнаанд, марҳила ба марҳила кӯчонида мешаванд.
Ниҳолшинонӣ дар майдони Истиқлол бо иштироки президент Эмомалӣ Раҳмон ва дигар роҳбарони идораҳои Тоҷикистон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.02.2022
Хонаи адибон тахриб мешавад: хоҳанд, пул, нахоҳанд, манзили нав мегиранд
Вай таъкид дошт, ки нақшаи генералии шаҳри Душанбе дар ҳамкорӣ бо корхонаи лоиҳакашии шаҳри Маскав - "Гипрогор" таҳия шуда, камаш сад солро фаро мегирад. Нақшаи генералӣ вобаста ба муҳлати муайян ва маблағи муайян татбиқ мегардад.
Инчунин Зувайдзода мафҳуми нақшаи генералиро ба рӯзноманигорон шарҳ дод. Ӯ гуфт, он ҳуҷҷати муайянкунандаи самтҳои стратегии рушди иҷтимоӣ иқтисодии ҳудуди муайяне мебошад, ки мадраки асосии шаҳрсозӣ ба ҳисоб меравад.
Ӯ илова намуд, ки дар ҳар сурат зимни тахриби биноҳо ҳатман сокинони онро розӣ мекунанд, бо пешниҳоди маблағ ё манзили нав ба онҳо ба татбиқи нақшаи генералӣ мепардозанд.
Лентаи хабарҳо
0