Комиссия кори ширкати писари Бег Сабурро меомӯзад

© Официальная страница пресс-службы президента РТ в FacebookБег Сабуров, архивное фото
Бег Сабуров, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.02.2022
Обуна шудан
Комиссияи махсус фаъолияти ширкати "Комил-2010"-ро, ки ба писари раиси Хадамоти алоқаи Тоҷикистон тааллуқ дорад, меомӯзад
ДУШАНБЕ, 4 фев — Sputnik. Маҳмадсаид Зувайдзода, раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони Тоҷикистон мегӯяд, кор дар биноҳои баландошёна дар маҳаллаи Зарафшон, ки аз ҷониби ширкати "Комил-2010" сохта мешаванд, таҳти назорати комиссия аст.
Зувайдзода зимни нишасти матбуотӣ гуфт, намояндагони мақомоти гуногун, аз ҷумла сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ дар ҳайати ин комиссия мебошанд. Вай таъкид намуд, ки тасмим дар бораи кори "Комил-2010" баъди хулосаи комисия қабул мегардад.
Ба суоли ин ки "оё ин биноҳои баландошёна дар маҳаллаи Зарафшон ба меъёрҳои меъморӣ ҷавобгӯ ҳастанд, чун хеле ҷафс ҷойгиранд?!" раиси Кумита посух дод, ки ин боноҳо ҳатто бо лоиҳакашҳо мувофиқа нашуда буданд. Ӯ такрор намуд, ки кори комиссия давом дорад.
Ба гуфтаи Зувайдзода, дар маҷмуъ биноҳое, ки мушкил доранду қисман нотамоманд, ҳамагӣ ҳудуди 15 ададанд. Ӯ зикр намуд, ки қаблан теъдоди чунин биноҳо ҳудуди 120 адад буд ва баъдан то 40-то расид, ки феълан ин шумор то 15 адад поин омадааст.
Башенный кран. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.02.2022
Кӯдакистону макотиб бисёрошёна мешаванд: Раиси Кумитаи меъморӣ гуфт, замин нест
Раиси кумита илова кард, ки замони ба истифода додани биноҳое, ки феълан мушкил доранд, рӯзҳои наздик пешниҳоди омма хоҳад шуд ва дар оянда талош мекунанд, аз чунин ҳолатҳо ҷилавгирӣ намоянд.
Ӯ муътақид аст, ки мавқеи чунин ширкатҳоро худи бозор низ танг мекунад, чун бисёри сохтмонҳо аз тариқи шарикӣ, яъне бо ҷалби пули шаҳрвандон бунёд мегарданд. Вақте мардум чунин ҳолро мебинанд, боварияшон гум мешаваду пулро ба ширкатҳои номуътамад намедиҳанд, муътақид аст раиси кумита.
Ин дар ҳолест, ки қаблан Зувайдзода ба ширкати сохтмонии марбути Бег Сабур муҳлат дода буд, ки камбудиҳоро ислоҳ намоянд ва афзуд, пас аз он ки сохтмонҳои нотамомашро анҷом медиҳад, иҷозатнома бозпас гирифта мешавад.
Масъулини Кумитаи меъморӣ камбудиҳои асосии ин ширкатро дар он гуфтанд, ки худсарона, бидуни гузаштан аз экспертизаи давлатӣ корҳои сохтмониро оғоз мекардаасту дар рафти сохтмон ошёнаҳои иловагиро зам менамудааст.
Лентаи хабарҳо
0