Кумаки мақомоти Суғд ба беш аз 700 зиндонии собиқ дар соли гузашта

© Sputnik Граждане Таджикистана на рынке труда в городе Худжанде
Граждане Таджикистана на рынке труда в городе Худжанде - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.02.2022
Обуна шудан
Мақомоти Суғд хабар додаанд, ки соли гузашта ба бахши меҳнат ва шуғли аҳолии шаҳру ноҳияҳои вилоят 725 нафар зидонии собиқ барои дарёфти кумак ва таъмини ҷои кор муроҷиат кардааст
ДУШАНБЕ, 4 фев — Sputnik. Раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар вилояти Суғд хабар додааст, ки соли сипаришуда ба мақомоти меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар вилоят 43 150 шаҳрванд муроҷиат кард ва бо мусоидати онҳо 20 ҳазору 290 корҷӯ соҳиби ҷойи кори доимӣ, мавсимӣ ва муваққатӣ гардид.
Ҳамчунин ин ниҳоди давлатӣ хабар додааст, ки соли гузашта ба мақомоти меҳнат ва шуғли аҳолии шаҳру ноҳияҳо 725 каси аз муассисаҳои иҷрои ҷазои ҷиноятӣ озодгардида муроҷиат намудаанд, ки 170 нафарашон бо кор таъмин ва ба 540 каси дигар ёрипулӣ таъйин гашта, 5 нафари он барои касбомӯзӣ ҳидоят шудаанд.
Подпись документов, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.01.2022
Чанд нафар дар ярмаркаи ноҳияи Ашт соҳиби ҷои кор шуд?
Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар вилояти Суғд зикр кардааст, ки соли гузашта дар вилоят 269 ярмаркаи ҷойҳои кори холӣ ва вазифаҳои озод баргузор гаштааст.

“Дар натиҷа 2052 нафар бо ҷойи кори доимӣ, мавсимӣ ва муваққатӣ таъмин шуда, 452 нафар ба корҳои ҷамъиятии дорои маош сафарбар гардид ва 1713 нафар барои касбомӯзӣ роҳхат гирифт”, - иттилоъ додааст Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар вилояти Суғд.

Агентӣ иттилоъ додааст, ки соли сипаришуда, тибқи муқаррароти санадҳои меъёрию ҳуқуқии соҳа, 4263 кас дар маҷмуъ ба маблағи беш аз 1 миллиону 784 ҳазор сомонӣ ёрипулӣ гирифтанд.
Лентаи хабарҳо
0