"Хонахарҳо дар марказ ду мошинӣ доранд": раиси кумита аз мушкили таваққуфгоҳҳо гуфт

© Sputnik / Амир ИсаевДвижение транспорта по проспекту Рудаки в Душанбе
Движение транспорта по проспекту Рудаки в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.02.2022
Обуна шудан
Харидорони хона дар маркази Душанбе камаш ду мошин дар як оила доранд ва ин боиси мушкили таваққуфгоҳҳо мегардад, гуфт раиси Кумитаи меъмории Тоҷикистон
ДУШАНБЕ, 4 фев— Sputnik. Маҳмадсаид Зувайдзода, раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони Тоҷикистон дар шароити афзоиши аҳолӣ, биноҳои баландошёна ва мошинҳо таваққуфгоҳҳоро яке аз мушкилоти мубрам хонд.
Зувайдзода зимни нишасти матбуотӣ гуфт, биноҳои бисёрошёна дар пойтахт афзуда истодаанд ва бисёри онҳое, ки дар маркази Душанбе манзил мегиранд, камаш ду мошин дар оила доранд.
Дар чунин ҳол, ба гуфтаи раиси Кумитаи меъморӣ, ду ошёна таваққуфгоҳе, ки дар биноҳои бисёрқабата бунёд мегардад, наметавонад талаботи сокинони онро таъмин созад.
Вай аз таҷрибаи кораш дар Ҳукумати Душанбе ёдовар шуда афзуд, ки ин масъаларо бо соҳибкорони хонасоз дар миён гузошта буданд, аммо онҳо ба далели хароҷоти зиёд ба манфиаташон набудани таваққуфгоҳҳои аз ин бештар таъкид намудаанд.
"Чин эвакуатор дод": вазир гуфт, қонуншиканӣ дар роҳҳои Душанбе кам мешавад
Ба гуфтаи Зувайдзода, сипас шаҳрдорию мақомоти меъморӣ бунёди таваққуфгоҳҳои бисёрқабатаи тагизаминию болоизаминиро пешниҳод карданд. Феълан лоиҳаи 200 таваққуфгоҳ таҳия ва барои бунёд пешниҳод шудааст, ки аксари онҳо то се ошиёна дар таги замину беш аз ду ошёнаро дар боло дар бар мегиранд.
Раиси Кумитаи меъморӣ изҳор дошт, ки чунин таваққуфгоҳҳо мавриди таваҷҷуҳи соҳибкорон қарор гирифтаанд.
Ин дар ҳолест, ки ахиран дар наздикии "Корвон", калонтарин бозори Тоҷикистон таваққуфгоҳи шаштабақаӣ ва таҳхона бунёд гардид, ки ба иттилои шаҳрдорӣ, ҳудуди 14 ҳазор метри мураббаъ масоҳат дорад.
Лентаи хабарҳо
0