Падидаи нав: занҳои тоҷик ҳам алимент медиҳанд

Лавандовые поля в Крыму - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.02.2022
Обуна шудан
НовостиTelegram
Хадамоти иҷрои назди президенти Тоҷикистон аз ҳузури занҳо дар миёни афроди алиментдиҳандаи кишвар хабар дод
ДУШАНБЕ, 04 фев — Sputnik. Дар қиёс бо мардон ин занон ҳеҷ гоҳ аз пардохти алимент саркашӣ накардаанд.
Барно Саидвализода, раиси Хадамоти иҷрои Тоҷикистон зимни нишасти матбуотии ин ниҳод гуфт, ин занҳо барои фарзандонашон, ки дар тарбияи падарашон ҳастанд, алимент месупоранд.
“Теъдодашон 5 нафар аст ва онҳо аз шавҳарони худ ҷудо шуда, фарзандонашонро дар ихтиёри шавҳари собиқ гузоштаанд. Маблағ на барои шавҳар, балки барои тарбияи фарзандон пардохт мешавад”, - гуфт Барно Саидвализода.
Дар ҳамин ҳол теъдоди алиментдиҳандагон дар Тоҷикистон ҳамасола рӯ ба афзоиш будааст. Тибқи иттилои Хадамоти иҷрои Тоҷикистон, соли 2021 13 ҳазору 137 ариза барои ситонидани алимент ба ин ниҳод расидааст, ки дар қиёс бо соли 2020 1983 адад зиёд аст.
Пресс-конференция Службы исполнения при Правительстве Республики Таджикистан - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.02.2022
Кофтукови садҳо падари тоҷик барои фирор аз алимент
Раиси Хадамоти иҷрои Тоҷикистон гуфт, дар ин миён соли гузашта 410 (соли 2020 – 374) нафар барқасдона аз пардохти алимент саркашӣ карда, алайҳи онҳо аз сӯйи мақомоти прокуратура парвандаи ҷиноӣ боз шудааст ва онҳое, ки фирор намудаанд, дар кофтуков қарор доранд.
“Аз 5 зане, ки алимент месупоранд, ҳеҷ яке аз пардохт саркашӣ накардааст ва ҳеҷ яке ҳам таҳти пайгард қарор надорад”, - гуфт Барно Саидвализода.
Тибқи иттилои Хадамоти иҷрои Тоҷикистон, дар маҷмуъ теъдоди алиментсупорандагон дар кишвар ба 89 ҳазору 664 нафар расидааст, ки аз онҳо соли гузашта 21 миллиону 507 ҳазор сомонӣ алимент рӯёнда шудааст.
Лентаи хабарҳо
0