Мусоҳибаи Раҳмон дар бораи олимпиада, дурнамои ҳамкорӣ бо Чин ва дӯстияш бо Ҷинпин

© Пресс-служба МИД РФ / Гузариш ба медиабонкПрезидент Таджикистана Эмомали Рахмон
Президент Таджикистана Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.02.2022
Обуна шудан
НовостиTelegram
Раисҷумҳури Тоҷикистон дар муколама бо рӯзноманигорон дар бораи чорабинии дарпешистода ва равобити дуҷониба бо Чин изҳори назар кард
ДУШАНБЕ, 4 фев — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон зимни сафар ба Пекин барои ширкат дар маросими ифтитоҳи бозиҳои олимпӣ дар бораи ин рухдоди варзишӣ ибрози назар кард.
Матни мусоҳибаи раисҷумҳурро хабаргузории "Синхуа" нашр кардааст.
Ба гуфтаи Раҳмон, баргузории бозиҳои тобистона ва зимистонаи олимпӣ дар Пекин бозгӯи комёбиҳои назаррас, аз ҷумла дар соҳаи варзиш аст, ки мардуми Чин ба даст овардаанд.
Раҳбари Тоҷикистон бар ин назар аст, ки он яке аз ҷолибтарин рӯйдодҳои варзишӣ дар чанд соли ахир хоҳад буд.

"Ташкилкунандагони бозиҳои олимпӣ барои иштирокчиёни ин чорабинии бошукӯҳи варзишӣ дар самти омодасозии иншооти варзишӣ, шароити зист ва бехатарии онҳо ҳама чизро анҷом доданд", - таъкид кард ӯ.

Раҳмон хотираҳои худро аз маросими ифтитоҳи Олимпиадаи Пекин-2008 нақл карду гуфт, "онҳо дар ман таасуроти амиқ гузоштаанд".
Президенти Тоҷикистон дар суханронии худ ба раисҷумҳури Чин Си Ҷинпин барои даъваташ изҳори сипос намуда, ӯро дӯсти худ номида гуфт, миёни онҳо муносибатҳои дӯстона, самимӣ, ошкоро ва эътимоднок барқарор шудааст.
"Мо байни ҳам муоширати созанда ва муколамаи мунтазами кориро, ки ба таҳкими пайгиронаи муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкории байни Тоҷикистону Чин равона шудаанд, барпо кардаем",- гуфт раисҷумҳур.
Эмомали Рахмон, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.02.2022
Эмомалӣ Раҳмон ба Чин рафт
Ба гуфтаи президенти Тоҷикистон, ӯ бо ҳамтои чинияш ҳамеша ба таври шаффоф масъалаҳои таъмини амнияти минтақаӣ, тавсеаи ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ ва фарҳангиву гуманитарӣ, тақвияти пайвастагии нақлиётӣ, инчунин дигар ҷанбаҳои муҳими ҳамкориҳои дуҷонибаро мавриди муҳокима қарор медиҳанд.
Дар идома Раҳмон гуфт, Чин яке аз шарикони асосии тиҷоративу иқтисодии ҷумҳурӣ аст, ки бо он аллакай дар бисёр соҳаҳо як қатор лоиҳаҳои муҳим амалӣ гардидаанд ва барои бастани созишномаҳои нав дурнамои бузург вуҷуд дорад.
Вай бахусус таъкид кард, ки Тоҷикистон яке аз аввалинҳо шуда, аз ташаббуси Си Ҷинпин дар бораи бунёди муштараки “Камарбанди иқтисодии Роҳи Абрешим” пуштибонӣ кард.
"Тоҷикистон азми қатъӣ дорад, ки дар даҳсолаи чоруми фарорасидаи муносиботи байнидавлатӣ шарикии стратегии ҳамаҷонибаро бо Чин густариш бахшида, онро бо муҳтавои нав ва корҳои назарраси амалӣ дар ростои манфиатҳои мардумонамон ғанӣ гардонад", - гуфт роҳбари Тоҷикистон.
Дар хотима раисҷумҳури Тоҷикистон тамоми сокинони ҶМЧ-ро ба муносибати ҷашни баҳор ва Соли нави Чин табрик гуфта, инчунин рӯзгори обод ва шукуфоии минбаъдаро таманно кард.
Олимпийские объекты зимних Олимпийских игр-2022 в Пекине - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.01.2022
Тоҷикистон дар олимпиадаи Пекин ширкат намекунад: шарҳи кумита
Ёдовар мешавем, ки бозиҳои 24-уми зимистонаи олимпӣ дар Пекин аз 4 то 20 феврали соли 2022, бозиҳои паралимпӣ аз 4 то 13 март баргузор мешаванд.
Интихоби макони баргузории мусобиқа дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии олимпӣ дар Куала-Лумпур рӯзи 31 июли соли 2015 мувофиқа шуда буд.
Пекин аввалин шаҳр дар ҷаҳон шуд, ки ҳам Бозиҳои тобистонаи олимпии соли 2008 ва ҳам Бозиҳои зимистонаи олимпии соли 2022-ро мизбонӣ мекунад.
Лентаи хабарҳо
0