Сохтмони биноҳои нави парлумон ва ҳукумат дар Душанбе соли 2023 анҷом меёбад

© Пресс-служба комитета по строительству и архетектуре РТПроект нового здания парламента РТ
Проект нового здания парламента РТ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.02.2022
Обуна шудан
НовостиTelegram
Сохтмони бинои нави парлумон ва маҷмаи ҳукуматӣ дар шаҳри Душанбе моҳи октябри соли оянда ба анҷом мерасад
ДУШАНБЕ, 4 фев — Sputnik. Тавре Маҳмадсаид Зувайдзода, раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони Тоҷикистон зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон хабар дод, сохтмони ин иншоот тибқи ҷадвал идома дорад ва ба истифода додани онҳо моҳи октябри соли 2023 ба нақша гирифта шудааст.
Ба иттилои раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони Тоҷикистон, бинои ояндаи парлумони Тоҷикистон дар масоҳати беш аз 42 ҳазор метри мураббаъ ва бинои ҳукумат дар майдони 44 ҳазор метри мураббаъ бунёд хоҳад шуд.
Вай таъкид кард, ки лоиҳаҳоро ширкатҳои чинӣ амалӣ мекунанд.
Қаблан хабар дода шуда буд, Тоҷикистон маводу таҷҳизоти воридотӣ ба кишварро, ки барои сохтмони ин иншоот пешбинӣ шудаанд, аз пардохти андоз ва боҷи гумрукӣ озод мекунад.
Бино ба иттилои Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон, бар асоси ин ёддошт, Чин барои бунёди ин иншоот ҳудуди 1,5 миллиард юан ихтисос хоҳад дод.
Лентаи хабарҳо
0