Ҳарифи Ёқубов, муштзани шикастнадидаи тоҷик дар мусобиқаи WBC дақиқ шуд

© Foto / Хадамоти матбуоти Академияи санъати ҳарбии Ширкати Мисии РусияБоксер из Таджикистана Мухаммад Якубов
Боксер из Таджикистана Мухаммад Якубов - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.02.2022
Обуна шудан
Муштзани номовари тоҷик барои муддаии қаҳрамони ҷаҳон шудан бояд ҳарифи амрикоияшро шикаст диҳад
ДУШАНБЕ, 5 фев — Sputnik. Ҳарифи Муҳаммад Ёқубов, муштзани шинохтаи Тоҷикистон дар мусобиқаи ниманиҳоии вазни сабуки WBC маълум шуд.
Ёқубов, ки таҳти сарпарастии RCC "Boxing Promotions" дар Русия ба майдон мебарояд, рӯзи 18-уми март дар Дубай дар намоишгоҳи "Probellum" дар вазни сабуки WBC бо О'Шейки Фостери амрикоӣ муштзанӣ мекунад.
Ёқубови 26-сола дар радабандӣ дувум аст ва соҳиби камарбанди WBC "International" аст. Ҳарифи ӯ Фостери 28-сола бошад, соҳиби унвони WBC "Silver" ва мақоми аввал аст.

"Муборизаи байни Ёқубов ва Фостер як набарди олӣ дар намоиши мо хоҳад шуд",- гуфт президенти "Probellum" Ричард Шефер.

Ӯ гуфт, ғолиби ин зӯрозмоиро набард барои дарёфти унвони қаҳрамонии ҷаҳон интизор аст ва мо интизори муборизаи олӣ байни ин муштзанҳои боистеъдод ҳастем.
Ҳамин тариқ, Ёқубовро зарур аст, ки барои расидан ба ҳарифи навбатӣ ва муштзанӣ барои дарёфти унвони қаҳрамонии ҷаҳон Фостерро шикаст диҳад.
Ёқубов аз муштзанҳои шикастнадидаи тоҷик аст, ки то кунун 18 рақобатро бо пирӯзӣ ба анҷом расонидааст.
Охирин ӯ моҳи декабри соли 2021 бо Кристиан Палма аз Чили вориди майдон шуда буд.
Ташкилоти "Probellum" нақша дорад, ки рӯзҳои 18 ва 19 март дар Дубай пайи ҳам ду шаби бокс баргузор кунад.
Рӯзи 19-уми март рӯхдодҳои асосии шом муштзаниҳои қаҳрамони IBF дар вазни сабук Санни Эдвардс бо Муҳаммад Восими покистонӣ ва Регис Прогрейс аз ИМА бо муштзани ирландӣ Тайрон Маккенна хоҳанд буд.
Муборизаи Ёқубов ва Фостер шоми боксро рӯзи 18-уми март боз мекунад ва рӯйдоди аслии он нахустин мубориза барои унвони қаҳрамонӣ миёни занон, Эстел Йока Мосселӣ аз Фаронса ва Янина дел Кармен Лезкано аз Аргентина хоҳад буд.
Лентаи хабарҳо
0