Миёни 60 давлат 4-уманд: истиқболи ботантанаи тими размикорони тоҷик дар Душанбе

© Страница IMMAF в FacebookТаджикский боец Асадбек Маннонов стал чемпионом мира на соревнованиях по смешанным единоборствам
Таджикский боец Асадбек Маннонов стал чемпионом мира на соревнованиях по смешанным единоборствам - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.02.2022
Обуна шудан
Нахустин бор намояндаи Тоҷикистон дар вазни мутлақ қаҳрамони ҷаҳон дар риштаи ҳунарҳои размии омехта шуд
ДУШАНБЕ, 5 фев — Sputnik. Тими размикорони тоҷикро дар фурудгоҳи Душанбе садҳо мухлис бо парчаму созҳои мусиқӣ пешвоз гирифтанд. Разимкорони тоҷик аз Қаҳрамонии ҷаҳон, ки дар Абузабӣ анҷом ёфт, ба Ватан баргаштанд.
Федератсияи ҳунарҳои размии омехтаи Тоҷикистон иттилоъ дод, ки тими кишвар бо касби 7 медал дар Қаҳрамонии ҷаҳон дар шаҳри Абузабӣ миёни 60 давлати дунё ҷои 4-умро гирифт.
Барои нахустин бор дар таърихи размҳои омехтаи Тоҷикистон Асадбек Маннонов дар ин ришта байни калонсолон ва наврасон дар вазни то 120+ кг қаҳрамони ҷаҳон шуд. Инчунин тими Тоҷикистон соҳиби се медали нуқраю се медали биринҷӣ шуд.
Манучехр Давлатов VS Джахонгир Джалолиддинов: полное видео боя - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.01.2022
Пирӯзии размикори тоҷик бар рақиби ӯзбекистонияш - видео
Аз ҷумла медалҳои нуқра насиби Беҳрӯз Хуршедзода (70 кг), Қосим Сардоров (77 кг) ва Ҷовидон Маҳмудов (77 кг) гардиданд. Медалҳои биринҷиро Ёқубҷон Сафаров, Муҳаммад Салоҳиддинов ва Бахтиёр Ҳусайнов ба даст оварданд.
Федератсияи ҳунарҳои размии омехта мегӯяд, аз ҳунарнамоии тими Тоҷикистон розист, аммо бархе камбудиҳо низ буданд, ки бояд болояшон кор карду ислоҳ намуд, то дар оянда кишвар ба дастовардҳои беҳтаре ноил шавад.
Қаҳрамонии ахири ҷаҳон дар варзишгоҳи Ҷиу-Ҷитсуи шаҳри Абузабӣ баргузор шуд. Дар мусобиқа 500 нафар варзишгар аз 60 кишвари ҷаҳон маҳорати худро нишон доданд.
Лентаи хабарҳо
0