Лаҳзаҳои ҷолиби кушодашавии XXIV-умин Бозиҳои олимпӣ дар Пекин - видео

Обуна шудан
Лаҳзаҳои ҷолибе аз маросими кушодашавии Бозиҳои олимпии зимистона дар шаҳри Пекин дар як видео гирд оварда шуданд
Дар варзишгоҳи "Ошёни паранда"-и шаҳри Пекин маросими кушодашавии Бозиҳои олимпии зимистона бо намоиши ҳунарӣ ва роҳпаймоии варзишгарон баргузор шуд.
Намояндагони 95 кишвари дунё аз рӯи тартиби алифбои чинӣ ба минбар баромаданд. Роҳпаймоиро чун анъана тими Юнон - ватани бозиҳои олимпӣ оғоз намуд. Аз ҳама охир тими кишвари мизбон - Чин ба минбар баромад. Лаҳзаҳои ҷолиби онро шабакаи "Al Travel" дар "YouTube" нашр кардааст.
Интизор меравад, ки бозиҳо то 20 феврал идома ёбанд. Варзишгарон барои 109 маҷмаи медал сабқат мекунанд. Мусобиқаи варзишгарон дар намудҳои гуногун, аз ҷумла лижаронӣ, рақси болои ях, бобслей, биатлон, фристайл, ҳоккей ва ғайра дар назар аст.
Пекин дар таърихи ҳаракати олимпӣ аввалин шаҳрест, ки ҳам бозиҳои тобистона ва ҳам зимистонаи олимпиро мизбонӣ мекунад.
Лентаи хабарҳо
0