Аз омӯзгор то милиса: шаҳрвандон дар зимни қабул аз тарафи раиси Хатлон чӣ хостанд?

© Пресс-служба Президента Республики ТаджикистанГлава Хатлонской области Курбон Хакимзода
Глава Хатлонской области Курбон Хакимзода  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.02.2022
Обуна шудан
НовостиTelegram
Раиси вилояти Хатлон зимни боздид аз шаҳри Левакант раванди қабули сайёри шаҳрвандони корафтодаро баргузор кардааст
ДУШАНБЕ, 5 фев — Sputnik. Қурбон Ҳакимзода, раиси Хатлон сокинони корфтодаи Левакантро қабул намуда, арзашонро шунидааст.
Дафтари матбуотии ҳукумати Хатлон мегӯяд, дар қатори шаҳрвандони қабулнамудаи Ҳакимзода нафақагире ба номи Кабкинисо Давлатова будааст, ки ӯ барои табобаташ кумак хостааст.
Маҳмудов Мирзошо, намояндаи маҳаллаи деҳаи Меҳробод аз роҳбарияти Хатлон техника талаб кардааст, ки то дар сангфаршкунии роҳи деҳа истифода намояд.
Сокини деҳаи Боҳтуробод Гуландом Солиева аз баҳси замини хоҷагии деҳқонияш арз кардааст.
Раиси маҳалла аз деҳаи Гулистон Шариф Шафиев барои таъмири насосҳои обкашонӣ, раиси маҳаллаи деҳаи Навобод Бозор Қурбонов барои насб кардани трансформатор ва таъмин намудани ин деҳа бо симчӯбҳо мусоидат хостааст.
Баъди эроди прокурор Шарифзода аз зердастонаш хост, арзи мардумро сари вақт баррасӣ кунанд
Дар феҳрасти муроҷиаткунандагон инчунин аз корманди Раёсати ВКД дар вилоят Маҳбуба Ҳалимзода низ ном бурда шудаст, ки барои ҷудо кардани қитъаи замини наздиҳавлигӣ ба қабули раиси Хатлон омадааст. Омӯзгори ҷавони мактаби рақами 14, Таҳмина Тӯраева низ барои гирифтани замини наздиҳавлигӣ ба раиси вилоят муроҷиат намудааст.
Дафтари матбуотии ҳукумати Хатлон мегӯяд, Қурбон Ҳакимзода барои ҳалли мушкили шаҳрвандон ба масъулони дахлдори вилоятӣ ва шаҳрӣ супориш додаст. Таъкид шудааст, ки муроҷиати шаҳрвандон ба мақомоти давлатӣ ҳаққи конститутсионияшон буда, мақомдорон бояд ба арзи шаҳрвандон расидагӣ намоянд.
Лентаи хабарҳо
0