Мудири "Амонатбонк" худкушии кормандаш дар ҷойи корро шарҳ дод: ба бонк рабт надорад

© Sputnik Отделение банка "Амонатбонк"
Отделение банка Амонатбонк - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.02.2022
Обуна шудан
НовостиTelegram
Мудири "Амонатбонк" гуфт, худкушии кормандаш дар ноҳияи Айнӣ марбут ба муносибатҳои шахсияш аст, на корияш
ДУШАНБЕ, 7 фев - Sputnik. Сироҷиддин Икромӣ, раиси БДА “Амонатбонк”, худкушии Ғиёсиддин Аюбзода, корманди собиқ бонки зертобеаш дар ноҳияи Айниро шарҳ дод.
Ӯ зимни нишасти хабарияш гуфт, худкушии Аюбзода марбут ба кораш дар бонк нест.

"Ба фаъолияташ рабт надорад ва мактубе, ки пеш аз маргаш навиштааст, дар ин хусус ҷои шубҳа боқӣ нагузошт. Дар он навиштааст, ки аз кадом ҳоҷие қарздор будааст ва ҳоҷӣ ӯро ба ҳамин рӯз оварда расонидааст",- мегӯяд Икромӣ.

Номбурда гуфт, маводро пурра баррасӣ кардаанд ва аудиташон низ дар минтақа вазъро санҷида маводро ба прокуратураи ноҳияи Айнӣ супоридаанд.
Ба гуфти ӯ, ҳоло тафтишот идома дорад ва прокуратураи вилоятӣ низ аз ин кор огоҳ аст.
Ёдовар мешавем, Ғиёсиддин Аюбзода рӯзи чоруми октябр дар ҷойи кораш худро ба дор овехт.
Бино ба иттилои манобеъ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар пайи таҳқиқи худкушии корманди “Амонатбонк” дар рӯи мизи кории ӯ навиштаҷоте иборат аз шаш-ҳафтсаҳифагӣ дарёфт намудаанд, ки Аюбзода пеш аз ба дор кашиданаш онро навиштааст.
Аз марзбон то менеҷери "Вавилон"-у хазинадори бонк: Русия 13 нафарро ба Тоҷикистон супурд
Ба гуфтаи манобеъ аз “Амонатбонк”, дар он навиштаҷот Ғиёсиддин дар бораи муомилоти пулӣ, аз ҷумла додугирифти беш аз 140 ҳазор сомонӣ бо чанде аз сокинони деҳоти Айнӣ гуфтааст.
Ӯ ҳамагӣ 27 сол дошт ва чанд соли охир минҳайси сардори як нуқтаи хидматрасонии “Амонатбонк” дар Ревади Айнӣ фаъолият мекард. Ин нуқтаи бонк асосан барои пардохти пули нафақаи сокинони деҳа ташкил шуда будааст.
Хонаводаи Аюзода аз нафарони зиёии деҳаи Айнӣ маҳсуб шуда, падар ва модараш ҳар ду муаллим мебошанд. Иллати даст ба худкушӣ задани Ғиёсиддин то ҳол барои аҳли хонаводааш муаммост ва таҳқиқи ҳодиса то кунун ниҳоӣ нашудааст.
Лентаи хабарҳо
0