Чӣ бояд кард, то кӯдак дурӯғгӯ нашавад?

© МНОРебенок плачет
Ребенок плачет - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.02.2022
Обуна шудан
Хурдсолро ба коре маҷбур кардан мушкил аст, мегӯянд равоншиносон. Агар иҷборӣ ҳам ба сари вай чизеро таҳмил кардем, ӯ муқовимат нишон медиҳад, ки натиҷаҳояш на он қадар таскинбахш хоҳад буд
ДУШАНБЕ, 7 фев— Sputnik. Ҳар як кӯдак бо ғайрат, ҷуръат ва истеъдоди фитрӣ зода мешавад ва ин волидонанд, ки метавонанд дар натиҷаи тарбияи нодуруст онро нобуд созанд, мегӯяд равоншиноси тоҷик Марям Давлатова.
Хонум Давлатова дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон омилҳои рушди истеъдодҳои кӯдаконро тавзеҳ дод.
Бархе волидон фарзандашонро илова бар таҳсил дар мактаб ба курсҳои гуногуни забономӯзӣ, мусиқӣ ва варзиш машғул мекунанд. Давлатова гуфт, ки бояд чӣ гуна машғулиятҳои иловагиро барои кӯдак муайян кард.
Ба қавли коршинос, вазифаи муҳимтарини волидон пеш аз ҳама шинохтани табиати фарзанд аст ва баъдан ба роҳи дуруст равон кардани иқтидори ӯст.
"Пеш аз интихоби машғулияти иловагӣ, муҳим ба назар гирифтани хоҳиш ва истеъдоди ӯст – кӯдак мехоҳад ё не, истеъдод дорад ё не", - таъкид мекунад вай.
Агар худаш рағбат дошта бошад, аз худ кардани соҳа барояш осон мешавад. Аммо ҳастанд, ҳолатҳое ки кӯдак истеъдод дорад, аммо хоҳиш на.
“Ба ҳама гуна машғулиятҳо хурдсолро бидуни маҷбур кардан ва фишори иловагӣ равон бояд кард. Агар не, вақте мо аз меъёр мегузарем, ӯ дурӯғгӯӣ ё коргурезиро ёд мегирад”, - таъкид мекунад вай.
Девочка в маске гуляет по улице  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.02.2022
Чаро бо ман касе дӯстӣ намекунад?
Хурдсолро маҷбур кардан мушкил аст. Вай ҳис мекунад, ки хоҳиши ӯ барои падару модараш арзиш надоранд, талаботашро ба назар намегиранд. Худашро дӯстдошта ва маҳбуб ҳис намекунад.
“Ин ҷо ҳам метавонад ду намуди реаксия бошад. Агар аз қабили кӯдакони бағайрат бошад, исён мебардорад - метавонад аз дарсҳо гурезад, дурӯғ гӯяд, истерика, ғаш ё ҷанҷол кунад. Агар ҷуръати кӯдак кам бошад, метавонад шикастадил шавад ва аз рафтан ба ин ё он машғулият на муроди кӯдак ва на аз падару модар ҳосил нашавад”, -таъкид мекунад хонум Давлатова.
Коршинос бар ин назар аст, ки беҳтараш волидон аз усули дилгармкунӣ истифода баранд.
Дар бархе ҳолатҳо падару модар орзуҳои худро ба сари фарзандашон бор мекунанд.

“Шояд замоне ӯ мехост, ки варзиш равад, вале рафта натавонист, аммо ин орзуяшро ба фарзандаш таҳмил мекунад, - “ман нашудам, бояд ту шавӣ”; “ман агар забони англисиро медонистам, шояд кори хуб пайдо мекардам, ту бояд донӣ”,- тавзеҳ медиҳад равоншинос.

Марям Давлатова мегӯяд, баъзан дар баробари истеъдод хоҳиш ҳам муҳим аст. Ба қавли ӯ, аввалиро метавон дертар низ кашф намуд ва истифода кард, аммо набудани хоҳишу маҷбур кардани кӯдак натиҷаҳои нохуб дошта метавонанд.
“Вақте гап дар бораи хурдсол меравад, хоҳишу дархостҳои вай дар ҷои аввал аст”, - меафзояд ӯ.
Лентаи хабарҳо
0