Барфи тар ва сардии тоқатфарсо: пешгӯии дақиқи ҳавошиносони тоҷик

© SputnikПервый снег в Душанбе
Первый снег в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.02.2022
Обуна шудан
Ҳавои Тоҷикистон сард мешаваду дар кишвар борону барфи тар меборад
ДУШАНБЕ, 7 фев— Sputnik. Дар Вилояти Мухтори Кӯхистони Бадахшон ҳаво қисман абрнок, шуда дар ноҳияҳои алоҳида барф меборад.
Ҳарорати ҳаво дар ғарби вилоят шабона 6-11 дараҷа сард, дар баъзе ноҳияҳо то 13-18 дараҷа хунук, рӯзона 0-5 дараҷа хунук, дар баъзе ноҳияҳо то 5-10 дараҷа сард мешавад.
Дар шарқи вилоят шабона 17-22 дараҷа сард, дар баъзе минтақаҳо то 25-30 дараҷа хунук, рӯзона 5-10 дараҷа сард, дар баъзе минтақаҳо то 14-19 дараҷа хунук мешавад.
Дар вилояти Суғд ҳавои қисман абрнок шуда, дар водиҳо борон борида, шабона барфи тар меборад.
Дар ноҳияҳои кӯҳӣ барф борида, меҳ мефарояд. Ҳарорати ҳаво дар водиҳо шабона 2-7 дараҷа гарм, рӯзона 4-9 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 3-8 дараҷа сард, рӯзона -4+1 дараҷа мешавад.
Дар вилояти Хатлон ҳавои қисман абрнок, дар водиҳо борон, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ барф мебораду тормеғ мефарояд.
Первый снег в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.02.2022
Чанд фоизи пешгӯии ҳавошиносони тоҷик дар соли 2021 дуруст буд?
Ҳарорати ҳаво дар водиҳо шабона -1+4 дараҷа, рӯзона 7-12 дараҷа гарм, дар доманакӯҳҳо шабона 2-7 дараҷа хунук, рӯзона 0-5 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои қисман абрнок шуда, дар водиҳо борон борида ба барфи тар мегузарад.
Дар ноҳияҳои кӯҳӣ барф бошиддат борида, меғ мефарояд. Ҳарорати ҳаво дар водиҳо шабона 1-6 дараҷа гарм, рӯзона 6-11 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 2-7 дараҷа хунук, дар баъзе ноҳияҳо то 9-14 дараҷа хунук, рӯзона -2+3 дараҷа, дар баъзе ноҳияҳо то 3-8 дараҷа сард мешавад.
Дар шаҳри Душанбе ҳаво қисман абрнок шуда, борон ва барфи тар меборад, рӯзона ҳавои асосан бебориш (0,0-0,5мм) дар назар буда, меғ мефарояд.
Ҳарорати ҳаво шабона 1-3 дараҷа гарм, рӯзона 7-9 дараҷа гарм мешавад.
Лентаи хабарҳо
0