Кори муҳоҷиронро дар якчанд соҳа маҳдуд мекунанд: дар куҷо ва дар кадом соҳаҳо?

© Sputnik / Владимир ФедоренкоСотрудница ресторана в защитной маске и перчатках во время уборки
Сотрудница ресторана в защитной маске и перчатках во время уборки - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.02.2022
Обуна шудан
Дар яке аз минтақаҳои Русия масъалаи коҳиши ҷойҳои корӣ барои муҳоҷирон дар чанд соҳа баррасӣ мешавад
ДУШАНБЕ, 7 фев — Sputnik. Дар вилояти Калуга фаъолияти муҳоҷирон дар соҳаи савдо ва хӯроки умумиро маҳдуд мекунанд.
Дар ин бора губернатори субъекти Федератсияи Русия Владислав Шапша хабар дод.
"Мо маҳдудияти сартосарӣ ҷорӣ намекунем. Мо шумораи квотаҳоро танҳо ба дараҷае кам мекунем, ки он ҷойҳои холиеро, ки аз ҷониби сокинони маҳаллӣ пур карда нашудаанд, ба муҳоҷирон диҳем”, - гуфт раиси вилояти Калуга.
Ба гуфтаи ӯ, соли гузашта "чунин десинхронизатсия" рух дод, ки шумораи муҳоҷири бештаре нисбат ба талабот ба кишвар ворид шуд. Мо бояд ин равандро зери назорат гирифта, онро қатъ кунем, шарҳ дод Шапша.
Қаблан губернатор дар саҳифаи "Telegram"-и худ навишта буд, ки масъалаи муҳоҷирон дар вилояти Калуга имрӯз ба унвони умдатарин масъала боқӣ мемонад. Дар баробари ин вазифаи мақомоти вилоят аз он иборат аст, ки вазъиятро аз нав зери назорат гиранд.
Ба ин муносибат Шапша ваъда дод, ки дар ояндаи наздик дар ин замина иқдом хоҳад кард. Аз ин рӯ ӯ гуфт, ки кори шаҳрвандони хориҷӣ дар соҳаи хӯрокворӣ, нақлиёт ва савдои чакана маҳдуд карда мешавад.
Ҳамчунин ба гуфтаи ӯ, шумори патентҳоро ба таври қобили мулоҳиза маҳдуд кардан лозим аст.
Соли гузашта дар вилояти Тюмен кори муҳоҷирон дар нақлиёти ҷамъиятӣ ва таксӣ манъ шуда буд.
Курьер на электровелосипеде и работник коммунальной службы  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.02.2022
Дар вилояти Новосибирск теъдоди муҳоҷирон даҳ баробар афзуд
Ёдовар мешавем, ки соли 2020 бар асари пандемия шаҳрвандони хориҷие, ки дар Русия кор мекарданд, ба таври ҷамъӣ ба ватанашон бозгаштанд. Аммо соли 2021 ҷараёни муҳоҷирати корӣ боз афзоиш ёфт.
Ҳамин тариқ дар соли 2021 афзоиши рекордии ҷараёни муҳоҷирон дар вилояти Новосибирск ба қайд гирифта шудааст - аз 967 нафар ба 9690 нафар.
Дар ҳамин ҳол гуфта мешавад, ки ҳудуди 97 дарсади кулли меҳмонони толиби кор шаҳрвандони кишварҳои Осиёи Марказӣ мебошанд.
Лентаи хабарҳо
0