Нафақаи ятимон дар Тоҷикистон зиёд мешавад

© PixabayДевочка
Девочка - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.02.2022
Обуна шудан
Дар Тоҷикистон татбиқи фармони президенти ҷумҳурӣ дар бораи зиёд намудани пардохтҳои ҳармоҳа ба табақаҳои аз ҷиҳати иҷтимоӣ осебпазири шаҳрвандонро шуруъ карданд
ДУШАНБЕ, 7 фев — Sputnik. Пардохти моҳона барои кӯдакони ятим дар Тоҷикистон афзоиш ёфтааст. Дар ин бора дар нишасти матбуотӣ раиси Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа Дилмурод Давлатзода хабар дод.
Вай зикр кард, ки бо назардошти фармони ахири раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳаҷми миёнаи пардохтҳои иҷтимоӣ барои кӯдакони ятим дар ҷумҳурӣ то 233,9 сомонӣ расонида шуд.
Барои онҳое, ки бе падару модар мондаанд, маблағи пардохт 151,75 сомониро ташкил медиҳад.
Давлатзода ҳамчунин гуфт, дар Тоҷикистон дар маҷмуъ 1653 кӯдаки ятим ва 79453 ноболиғи бе яке аз волидонашон ба қайд гирифта шудаанд.
Таджикские сомони в кошельке - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.01.2022
Шарҳи фармони Раҳмон дар бораи зиёд кардани маош, нафақа ва стипендия
Ёдовар мешавем, президенти ҷумҳурӣ ҳанӯз соли 2021 афзоиши маош ва нафақа дар соли 2022-ро эълон карда буд.
Бар пояи он, асосан пардохтҳои иҷтимоӣ ва маоши кормандони буҷетӣ 20-25 фоиз зиёд карда мешавад.
Қарор дар бораи афзоиши кумакпулиҳои иҷтимоӣ ва музди меҳнати сокинони кишвар дар оғози соли 2022 ба имзо расида буд.
Мақсади асосии индексатсияи пардохтҳо баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ номида шуд.
Лентаи хабарҳо
0