Нахустин бозии тими Тоҷикистон дар Ҷоми рушд-2022 мусовӣ анҷом ёфт - видео

© Пресс-служба Федерации Футбола РТЮношеская сборная РТ по футболу
Юношеская сборная РТ по футболу - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.02.2022
Обуна шудан
Дастаи мунтахаби футболбозони то 16-солаи Тоҷикистон нахустин бозияшро дар Ҷоми рушд-2022 бо тими Молдова анҷом дод
ДУШАНБЕ, 7 фев — Sputnik. Тими наврасони Тоҷикистон (U-16) нахустин бозияш дар доираи Ҷоми рушд-2022 бо дастаи Молдоваро мусовӣ анҷом дод.
Тибқи иттилои Федератсияи футболи Беларус, бозии тимҳои тоҷикию молдовӣ бо ҳисоби 2:2 анҷом ёфт. Ҳисобро дар даври аввал футболбозони тоҷик кушода, бо бартарият ба танаффус рафтанд. Дар дақиқаҳои аввали даври дуюм тими Молдова на танҳо ҳисобро баробар кард, балки тавонист пеш гузарад.
Голи сеюмро бозигари тими Молдова ба дарвозаи худ ворид намуд ва бо ҳамин бозӣ мусовӣ анҷом ёфт.
Маврид ба зикр аст, ки дар мусобиқаи "Ҷоми рушд-2022" даҳ даста дар ду гурӯҳ бозӣ мекунанд. Ба гурӯҳи "А" тими Беларус (U-16), Тоҷикистон (U-16), Қирғизистон (U-16), Молдова (U-16) ва "Динамо-Минск" (U-17) дохил шудаанд. Дар гурӯҳи "Б" дастаҳои Беларус (U-17), Ӯзбекистон (U-17), Гурҷистон (U-17), Исроил (U-17) ва "Минск" (U-17) сабқат мекунанд.
Стороны согласовали трансфер двух защитников многократного чемпиона Таджикистана - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.02.2022
Ҳаққи моҳонаи футболбозони тоҷики тими “Персеполис”-и Эрон расонаӣ шуд
Маврид ба зикр аст, ки дастаи наврасони Тоҷикистон дар риштаи футбол соли қабл медалҳои тило ва барандаи Ҷоми рушд-2021 гардида буд.
Мусобиқаи анъанавии зимистона дар толори футболи Минск тибқи системаи даврӣ баргузор мегардад.
Лентаи хабарҳо
0