Раиси "Тоҷиксуғурта" бима кардани ҷону молу сокинони марзиро аз даргириҳо номумкин хонд

© © Sputnik / Амир ИсаевШухрат Максудзода, глава государственной страховой компании "Тоджиксгурта"
Шухрат Максудзода, глава государственной страховой компании Тоджиксгурта - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.02.2022
Обуна шудан
НовостиTelegram
Раиси корхонаи давлатии "Тоҷиксуғурта" масъалаи бима кардани ҷону молу сокинони наздимарзиро, ки мунтазам аз танишу даргириҳо ҷабр мебинанд, шарҳ дод
ДУШАНБЕ, 7 фев — Sputnik. Шуҳрат Мақсудзода, раиси "Тоҷиксуғурта" гуфт, зарар аз амалиёти ҷангӣ дар марз ба ҳолатҳои суғуртавӣ дохил намешавад.
Мақсудзода зимни нишасти матбуотӣ гуфт, шаҳрвандони наздимарзии Тоҷикистон чун дигар сокинони ҷуҳмурӣ ҳақ доранд, моликияташонро бима кунанд.
Ӯ таъкид намуд, бархе ҳолатҳои ба истилоҳ "форс мажор" ҳастанд, ки суғурта зарарашонро ҷуброн намекунад ва дар ин феҳраст, аз ҷумла даргириҳои мусаллаҳонаро низ ном бурд.

"Аз амалиёти ҷангӣ суғурта намекунем. Ягон давлату ширкат чунин ҳолатҳоро суғурта намекунад, чун аслан чунин ҳолатҳо бояд набошанд", - таъкид намуд Мақсудзода.

Ин дар ҳолест, ки дар даргириҳои марзии Тоҷикистону Қирғизистон мунтазам сокинони наздимарзӣ ба ҳалокат мерасанду моликияташонро аз даст медиҳанд.
Охирин даргирӣ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон 27 январ рух дод, ки куштаю харобкориҳое бар ҷой гузошт. Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, дар пайи ин даргирӣ ба шаҳрвандони кишвари сокин дар рустоҳои ҷамоатҳои Чоркӯҳ ва Сурх ба маблағи 1,5 миллион сомонӣ хисороти моддӣ ворид карда шуд.
Пограничник на смотровой вышке на границе Кыргызстана. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.02.2022
Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон
Ҳукумати Қирғизистон замону макони музокироти марзӣ бо Тоҷикистонро гуфт
Мақомоти шаҳри Исфара мегӯянд, аз ҷумла дар ҳодисаи охир 52 бинои истиқоматӣ ва иншооти ёрирасон осеб дида, 4 бино – ошхона, нонвойхона, мағоза ва маркази саломатӣ низ хароб шудаанд. Дар ин манзилҳо 243 нафар зиндагӣ мекард.
Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон мегӯяд, 27 январ дар пайи муноқишаи марзӣ Обидҷон Тӯйчиеви 36-сола бар асари таркиши хумпора ва ронандаи мошини ёрии таъҷилии беморхонаи Исфара Абдулатиф Шарифови 58-сола кушта шуданд. Инчунин 10 тоҷикистонии дигар, аз ҷумла 6 низомӣ ва 4 мулкии дигар ҷароҳат бардоштанд.
Ҷониби Қирғизистон теъдоди маҷруҳонро дар ин даргирӣ 12 нафар гуфт, ки ҳамаи онҳо низомӣ мебошанд.
Лентаи хабарҳо
0