"Хост, аз телефон оҳанги навашро нишон диҳад": Чаро Дамирбек аз гардиш ғофил монд?

© Бойгонии марҳум Дамирбек ОлимовДамирбек Олимов
Дамирбек Олимов - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.02.2022
Обуна шудан
Садамаи маргбори овозхони ҷавону шинохтаи тоҷик аз пурбаҳстарин мавзуъҳои рӯзҳои охири Тоҷикистон боқӣ монда. Дар ин зимн тафсилоте дар робита ба баъзе ҷузъиёти садамаи ӯ ироа мешавад, ки бархе расмию бархеи дигар ғайрирасмиянд
ДУШАНБЕ, 7 фев— Sputnik. Дар ҳоле ки мақомоти умури дохилии Тоҷикистон мегӯянд, феълан таҳқиқи садамаи маргбори овозхон Дамирбек Олимов идома дорад, бархе дар шабакаҳои иҷтимоӣ фарзияҳои сар задани ин садамаро баён доштанд.
Масъуда Акилова, фаъоли ҷомеаи шаҳрвандӣ аз шаҳри Хуҷанд, ки зоҳиран аз қавли шоҳидони айнии он садамаи мудҳиш суҳбат мекард, бархе овозаҳо дар мавриди сархушии Дамирбекро рад намуд.
Джурабек Муродов - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.02.2022
Ҷӯрабек Муродов: Дамирбек фарзандам буд
Акилова навиштааст, ки он рӯз се ҳунарманд дар мошин саргарми суҳбат дар роҳ буданду консерти дар нақшадоштаашонро баррасӣ менамудаанд.

"Дамирбек аз албоми наваш мегӯяду бо шавқ мехоҳад, аз телефони мобилӣ оҳанги навашро ба ҳамроҳон нишон диҳад. Машғул бо телефон аз гардиши сари роҳ бехабар мемонад. Мошин чаппагардон мешавад", - навиштааст ин фаъоли ҷомеаи шаҳрвандӣ.

Расман ин иттилоъ ҳанӯз таъйид нашудааст. Мақомоти умури дохилии Тоҷикистон танҳо иттилоъ доданд, ки ҳодиса 5-уми феврали соли 2022, тахминан соати 01:00 сар задааст.
Ба иттилои манбаъ, ронандаи автомашинаи тамғаи "Honda CRV", Олимов Дамирбек, сокини шаҳри Хуҷанд, ҳангоми ҳаракат дар роҳи мошингарди Хуҷанд - Сомғор, бехатарии ҳаракати роҳро таъмин карда натавониста, дучори садама шудааст.
Таъкид мешавад, ки овозхони шинохта дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расидааст. Мақомот мегӯянд, феълан таҳқиқи ин ҳодиса идома дорад.
Лентаи хабарҳо
0