Акнун муҳоҷирон дар Русия нафақа мегиранд: Душанбею Маскав ба мувофиқа расиданд

© Sputnik / Максим Блинов / Гузариш ба медиабонкМэр Москвы С. Собянин принял участие в открытии здания миграционного центра
Мэр Москвы С. Собянин принял участие в открытии здания миграционного центра - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.02.2022
Обуна шудан
Ҳамакнун шаҳрвандони кишвар, ки дар Федератсия Русия расман кор мекунанд, имкон доранд, аз он кишвар нафақа гиранд
ДУШАНБЕ, 7 фев — Sputnik. Тоҷикистон ва Русия дар бораи додани нафақа ба муҳоҷирони корӣ ба мувофиқа расиданд, гуфт роҳбари Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи Тоҷикистон Дилмурод Давлатзода.
Ӯ гуфт, шаҳрвандони Тоҷикистон, ки расман дар Русия фаъолият мекунанд, имкон доранд, дар он кишвар ба нафақа бароянд.

"Тибқи созишнома, шаҳрвандони кишвар, ки дар Русия кор мекунанд ва расман дар он кишвар маошашон суғурта шудааст, имкони дарёфти нафақаро доранд",- гуфт манбаъ.

Гуфта мешавад, ҳамзамон агар шаҳрванд ҳам дар Тоҷикистон ва ҳам Русия собиқаи корӣ дошта бошад, имкони дарёфти нафақа аз ҳар ду ҷонибро дорад.
Ба иттилои манбаъ ин созишнома аз ҷониби Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар дар моҳи августи соли 2021 имзо шудааст.
Дар Тоҷикистон музди меҳнат зиёд мешавад: аз кӣ ва чӣ қадар
Гуфта мешавад, созишномаи дуҷониба ҳаҷми нафақаеро, ки шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русия ҳастанду бояд бигиранд, танзим мекунад.
Қаблан вакили Думаи давлатӣ Светлана Бессараб шароити ҳисобкунӣ ва пардохти нафақаи муҳоҷирони кориро тавзеҳ дода гуфта буд, коргарони хориҷӣ, ки дар Русия кор мекунанд, ҳангоми расидан ба синни мувофиқи қонунгузорӣ нафақа хоҳанд гирифт.
Муҳоҷирон аз ҳисоби маблағе, ки корфармо дар тӯли корашон дар Русия, барои онҳо пардохт мекунад, нафақа мегиранд", - таъкид кард вакили Думаи давлатӣ.
Ба гуфти вакил, чунин шакли муқаррари ҳамкорӣ дар соҳаи таъминоти нафақа байналмилалӣ буда, тақрибан дар ҳамаи давлатҳо яксон аст.
Лентаи хабарҳо
0