"Амонатбонк" гуфт, омодааст, ба тоҷикистониён ипотека диҳад

© Sputnik Фото новостройки, Душанбе
Фото новостройки, Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.02.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Дар раёсати ин бонк гуфтанд, омодаанд, дархостҳои муштариёнро барои гирифтани қарзи ипотекӣ дар ҷиҳати харидории манзил баррасӣ кунанд
ДУШАНБЕ, 8 фев — Sputnik. Бонки давлатии амонатгузории "Амонатбонк" ба шаҳрвандони кишвар қарзи ипотекӣ медиҳад, гуфт раиси ин бонк Сироҷиддин Икромӣ.
Ба гуфтаи ӯ, ин таҷриба аллакай аз кормандони "Амонатбонк" оғоз шудааст.

"Ҳамин тавр соли гузашта ба 34 нафар аз кормандон барои беҳбуди шароити зисташон қарзи ипотекӣ бо фоизҳои пастар дода шуд", - гуфт ӯ дар нишасти матбуотияш.

Сироҷиддин Икромӣ зикр кард, ки муҳлати қарз 10 сол буда, суди он 22-25% дар солро ташкил медиҳад.
Қарзҳои ипотекӣ дар Тоҷикистон бо фоизҳои шабеҳ аз ҷониби тамоми ташкилотҳои қарзии ҷумҳурӣ тибқи меъёрҳои муқаррарнамудаи Бонки миллии ҷумҳурӣ дода мешаванд.
Ӯ гуфт, дарк мекунанд, ки ин барои аҳолӣ вазнинӣ мекунад, барои ҳамин онро тарғиб намекунанд, аммо агар аз онҳо дархост шавад, омодаанд, ки маблағро ҷудо кунанд.
Бояд гуфт, қаблан гузориш шуда буд, ки қарздиҳии ипотекӣ дар Тоҷикистон на ҳамеша ба манфиати нафарест, ки қарз мегирад.
Ключи от дома - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.01.2022
Ипотека дар Тоҷикистон: хонадор мешавӣ ё хонасалот?
Муҳлати қарзи ипотекӣ барои 5-10 сол пешбинӣ шудааст, аммо дар баробари ин пасандозҳои аксари аҳолӣ ба зӯр ба 2 сол мерасад.
Ҳамакнун тибқи тағйироте, ки ба Қонуни “Дар бораи ипотека” ворид шудааст, бонкҳо ҳақ доранд, дар сурати нақзи шартҳои шартнома аз ҷониби муштарӣ ҳуқуқи моликият ба амволи ба гарав гузошташударо бидуни муроҷиат ба додгоҳ аз ӯ бигиранд.
То қабули ин тағйирот бонкҳо метавонистанд амволи ба гарав гузошташударо аз қарздорон танҳо бо қарори додгоҳ бигиранд.
Лентаи хабарҳо
0