Духтарони донишҷӯ дар Донишкадаи исломии Тоҷикистон 7 нафар мондаанд

© Sputnik / Саид Царнаев / Гузариш ба медиабонкПосетители на Новогодней ярмарке
Посетители на Новогодней ярмарке - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.02.2022
Обуна шудан
Теъдоди духтарон миёни донишҷӯёни Донишкадаи исломии Тоҷикистон ягона муассисаи давлатии таълимии динӣ дар ҷумҳурӣ камтар аз 1% аст
ДУШАНБЕ, 8 фев — Sputnik. Нусратулло Зокирзода, ректори Донишкадаи исломии Тоҷикистон мегӯяд, феълан дар ин муассиса ҳамагӣ 7 нафар духтар бо таҳсил фаро гирифта шудааст. Ин дар ҳолест, ки қаблан теъдоди муҳассилини ин муассиса аз ҳисоби духтарон садҳо нафар арзёбӣ мешуд.
Зокирзода зимни нишасти матбуотӣ дар Душанбе гуфт, миёни 162 хатмкардаи Донишкадаи исломӣ дар соли 2021 духтарон 43 нафар буданд. Айни ҳол теъдоди духтарон дар ду факултаи донишкада 7 нафарро ташкил медиҳад.
Дар маҷмуъ, ба иттилои Кумитаи дини Тоҷикистон, шумори донишҷӯёни Донишкадаи исломӣ 759 нафар мебошад.
Ректор мегӯяд, теъдоди кормандони муассиса аз ҳисоби намояндагони ҷинси латиф 37 нафар аст. Дар умум дар донишкада 130 нафар фаъолият мекунанд.
Таджикский национальный университет. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.02.2022
Хобгоҳи бепул ва коҳиши маблағи таҳсил: сабукиҳо ба донишҷӯёни афғон дар Тоҷикистон
Ин дар ҳолест, ки қаблан низ мақомоти Тоҷикистон сол ба сол кам шудани таваҷҷуҳи духтарон ба Донишкадаи исломии кишварро таъйид карда буданд.
Донишкадаи исломии Тоҷикистон соли 2007 расман таъсис ёфта, соли 2009-ум ба номи Имоми Аъзам - Абуҳанифа Нуъмон ибни Собит гузошта шуд.
Ба иттилои сомонаи расмии муассиса, дар донишгоҳи мазкур ду факулта - улуми исломӣ ва филологияи Шарқ, ҳамчунин 7 кафедра амал мекунад. Таълим дар донишкада дар доираи мазҳаби Имоми Аъзам - Абуҳанифа ҷараён мегирад.
Қаблан раёсати донишкада яке аз омилҳои асосии кам шудани таваҷҷуҳи духтарон ба таҳсил дар ин даргоҳро ба мушкили пайдо намудани ҷои кор баъди хатми он рабт дода буд.
Лентаи хабарҳо
0