Нуриддин Саид аз нақшаи кӯчондани манора ва идораи телевизионҳои Тоҷикистон гуфт

© Sputnik / Амир ИсаевМинистр образования Таджикистана Нуриддин Саид
Министр образования Таджикистана Нуриддин Саид   - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.02.2022
Обуна шудан
Раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Тоҷикистон аз нақшаҳо барои кӯчондани манораи мавҷафкан ё худ ба истилоҳ "Останкино"-и Душанбе хабар дод
ДУШАНБЕ, 8 фев — Sputnik. Нуриддин Саид, раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Тоҷикистон гуфт, манораи ҷадиди мавҷафкан дар нақша аст, ки дар маҳаллаи "Ховарон", дар қисмати болоии Боғи ғалаба бунёд гардад.
Раиси Кумитаи телевзион зимни нишасти матбуотӣ изҳор дошт, ки феълан барои ба даст овардани иҷозатномаи бунёди манора дар макони нав корбарӣ доранд.
Инчунин Нуриддин Саид аз нақшаҳояш барои сохтмони биноҳои ҷадид дар макони ҷойгиршавии шабакаи "Телевизиони Тоҷикистон" хабар дод.
Вай мегӯяд, дар назар аст, ки 5 бинои ҷадид бунёд шавад ва ҳамаи шабакаҳои ҷумҳуриявии телевизиони Тоҷикистон дар ба ин макон кӯчонда шаванд. Арзиши татбиқи ин нақшаҳоро Нуриддин Саид беш аз 70 миллион доллари амрикоӣ арзёбӣ намуд, ки бо пайдо кардани маблағ ба сохтмон оғоз мекунанд.
Маврид ба зикр аст, ки феълан дар ҷумҳурӣ шабакаҳои телевизионии "Тоҷикистон", "Сафина", "Баҳористон", "Ҷаҳоннамо", "Варзиш", "Синамо" ва "Илм ва табиат" фаъолият мекунанд.
Лентаи хабарҳо
0